Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 21:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАҲАВВУЛОТИ ТОЗА ДАР ҲАЁТИ СИЁСИИ КИШВАР

 

Раванди ташаккулёбии маъракаи интихоби президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он солҳое рост меояд, ки кишвари мо тоза истиқлолият ба даст оварда, вазъи сиёсии он хеле ноором буд. Вобаста ба талаботи ҷойдошта дар таърихи моҳи ноябри соли 1991 нахустин маъракаи интихоби президент доир гардид, ки барои устувор гардидани вазъи сиёсӣ ва низоми сиёсии ҷомеа мусоидат кард.

Баъд аз таҳаввулоти муайян дар раванди давлатдории Тоҷикистон тағйироти муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба миён омад, ки барои тақвият намудани низоми сиёсии ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт. Зикр кардан бамаврид аст, ки заминаи устувор гардидани сулҳу низом дар ҷомеа баргузор гаштани инихоботи сирф демократиро ба миён овард.

Қаблан қайд кардан зарур аст, ки эътироф гардидани Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ва институтҳои байналмилалӣ, пайвастани Тоҷикистон ба созмонҳои умумиҷаҳонӣ, эътироф кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки ба мавқеъ ва нуфузи сиёсии Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад, аз шаффоф баргузор шудани ҳама гуна маъракаи сиёсии интихоботӣ, хусусан интихоби президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Дар низоми имрӯзаи кишварҳои мутамаддини олам рушди низоми интихобот ва суъектҳои он мавқеи хоссаро ишғол менамояд. Дар ин раванд аҳамият ва нақши интихоботи президентӣ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки субъектҳои интихобот дар асоси талаботи муайяншудаи низоми қонунгузорӣ иштирок мекунанд. Қобили зикр аст, ки интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳимро фароҳам сохт, ки иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар субъектҳои интихобот дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба таври демократӣ иштирок намуда, дар асоси барномаи таҳиякардаи худ дигаргуниҳои муҳимро дар бахшҳои муҳимтарини ҷомеа роҳандозӣ менамоянд ва дар мустаҳкам намудани низоми сиёсии ҷомеа нақши муҳиммегузоранд. Интихобот дар раванди идораи давлат яке аз василаҳои муҳими иштироки субъектҳои интихобот дар раванди чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ба ҳисоб рафта, боис мегардад, ки шаҳрвандон дар ин маърака ҳузур пайдо карда, раъйи худро ба номзади арзандаи худ диҳанд. Дар баробари ин асоси устувории низоми сиёсии ҷомеаро интихобот ташкил намуда, воситаи муҳими ташаккулёбии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Устувор гардидани парламентаризм имконияти зиёдеро фароҳам сохт, ки асосҳои сохтори конститутсионии ҷомеа боз ҳам қавӣ гардида, заминаи муҳимро баҳри боз ҳам тараққӣ кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба миён оварад. Дар асоси санадҳои меъёри ҳуқуқии амалкунанда низоми баргузор намудани интихоботи президент хеле ташаккул ёфтааст.

Бояд эътироф кард, ки баҳри устувории низоми сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа кўшишҳои зиёде ба харҷ дода шудаанд. Дар ин замина, ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон дар Қонуни асосии кишвар расман эътироф шудааст, ки моҳияти асосии он ташаккул додани низоми бисёрҳизбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳоло чандин ҳизбҳои сиёсӣ ба таври ошкоро фаъолият менамоянд, ки дар рушди ҷомеа саҳм гузошта дар маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихоби президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва намояндаи худро пешбарӣ мекунанд. Дар замоне ин ҳизбҳои сиёсӣ ба фаъолияти хеш оғоз намуданд, ки зарурати демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва вусъат бахшидан ба тағйироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба вуқўъ пайвастанд ва заминаҳои давлатдории навини Тоҷикистон барпо карда шуд. Ба ин васила барои ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ин ҳизбҳо асоси боэътимод гузоштанд.

Бояд қайд намуд, ки ҳар як давраи интихоботи президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусиятҳои ба худ хосро дорад. Аз ҷумла аз маъракаи интихоботи президент, ки дар таърихи 6 ноябри соли 2013 ба вуқӯъ пайваст, чунин натиҷаҳоро таҳлил кардан мумкин аст: аввалан, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштироки субъектҳои интихобот нисбат ба дигар маъракаҳои интихоботӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ шудааст, чунки дар раванди пешбарӣ шудани номзадҳо онҳо имконияти хуби муаррифӣ намудани худро ба даст оварда буданд; дуввум, дар раванди интихобот фаъолияти ВАО - и давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар инъикос намудани ҷараёни интихобот фаъол арзёбӣ гардида, дар саҳифаҳои матбуоти чопиву электронӣ вобаста ба аҳамият ва нақши интихобот дар ташаккули ҷомеа демократӣ, дебатҳои махсус баргузор шуданд, хусусан дар матбуот, вобаста ба мавзўи интихобот муаррифии номзадҳо саҳифаҳои махсус ҷудо гардида буд; севум, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ имконияти хуби муаррифии барномаи номзадҳо ба арзи интихобкунандагон расонида шуд, ки ин васила барои мусоидат кардани мардум ҷиҳати иштироки фаъоли онҳо дар интихобот нақши муҳим гузошт; чаҳорум, дар ин раванд дигаргуниҳои муҳим ба амал омаданд, ки боиси мустаҳкам гардидани муносибатҳои демократӣ дар раванди интихобот гардид, хусусан ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ маҳаки асосии интихоботро ба таври возеҳ муқаррар намуд.

Интихоботи президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрўзаи кишвар омиле мебошад, ки дар раванди он фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ба таври назаррас намудор мегардад. Ҳар як давраи маъракаи интихобот эътибор ва нақши ҳизбҳои сиёсиро муайян мекунад. Интихоботи қарибулвуқӯе, ки дар Тоҷикистон дар таърихи 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, қадами муҳимест дар роҳи минбаъдаи тараққиёти демократии кишвар ва бо итминон метавон гуфт, ки шаҳрвандони кишвари мо аз нигоҳи сиёсиву ҳуқуқӣ рушд ёфта, дар интихоби номзади арзандаи худ ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштибоҳ нахоҳанд кард.


Ҳайати Шуъбаи табъу нашри
Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон
ба номи С. Айнӣ