Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 20:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

БА «ТОҶИКОН» МУҶАССАМА ГУЗОШТАНД. Шоҳасари Бобоҷон Ғафуров ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар санг абадӣ гардонида шудандБА «ТОҶИКОН» МУҶАССАМА ГУЗОШТАНД. Шоҳасари Бобоҷон Ғафуров ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар санг абадӣ гардонида шуданд

 

Дар шаҳри Бӯстон  муҷассамаи шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва рамзи 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ гузошта шуд.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза ДАВЛАТЗОДА аз маркази матбуоти дастгоҳи Раиси шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.

Баландии муҷассамаи китоб бо пояи он 5 метр буда, паҳноияш 3 метрро ташкил медиҳад. Рамзи 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 августи соли равон тасдиқ гардид, бо андозаи 4,5 х 4,5 бо ороиши хосса гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ба Ҳукумати мамлакат супориш дода буданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда шавад.

Айни замон аз тарафи чопхонаи «Нашриёти муосир» чопи он оғоз шуда, нимаи дуюми моҳи сентябр тақсими он ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мегардад.

Хотиррасон мешавем, ки ҳадаф аз гузоштани муҷассама ба шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва рамзи 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории сокинону меҳмонони шаҳр ва хусусан насли наврасу ҷавон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир чаҳор сол пеш дар шаҳри Ҳисор муҷассамаи китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» гузошта шуда буд.

Китоб – сарвати бебаҳо, калиди хазинаи донишу маърифат ва омили муҳими тараққиёту пешрафти халқҳо ва кишварҳо мебошад. Аз ин ҷост, ки ба мақсади гиромидошти ин неъмати бузург дар даҳҳо шаҳрҳои олам, аз қабили Москва, Санкт-Петербург, Пекин, Берлин, Лос-Анҷелес, Барселона, Лиссабон, Оксфорд ва ғайра ба китоб ҳайкалу муҷассамаҳои ёдгорӣ гузошта шудаанд.

 

АМИТ «Ховар»

https://khovar.tj/2020/09/dar-sha-ri-b-ston-tar-i-kitobi-to-ikon-va-ramzi-700-solagii-kamoli-hu-and-guzoshta-shud1/