Сомонаи пешина | Пш, 22 Октябр 2020 / 11:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Боғи фарҳангӣ ва Қасри фарҳанг ба ноҳияи Мастчоҳ ҳусни нав бахшид

 

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 14 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ ду иншооти фарҳангиро ифтитоҳ бахшиданд.

Дар ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ – фароғатии «Тоҷикистон» ва Қасри фарҳанг, ки тариқи оинаи нилгун ҷараёни он пурра инъикос гардид, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода низ ширкат варзид.

Боғи фарҳангӣ – фароғатии «Тоҷикистон» дар масоҳати 8,97га ҷойгир буда бо маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят пурра азнавсозӣ гардидааст. Дар дохили боғ 6 адад харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҷассамаҳои рамзии минтақаҳои Тоҷикистон, 6 адад фавораҳои бо равшаниҳои рангоранг орододашуда, шаршараи бошукӯҳи сангин, дар масоҳати қариб 1га майдони бозиҳои бачагона сохта шуда, қариб 600 адад дарахтони ороишии ҳамешасабз, 120 ҳазор адад гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуданд. Даромадгоҳи боғро дарвозаи зебои кандакорӣ шуда оро медиҳад. «Чархофалак»-и боғ бо сифати баланд аз таъмири пурра бароварда шуда, минбаъд боиси хушҳолии кӯдакон мегардад.

Қасри фарҳанги ноҳия аз зумраи иншооти ҷашнӣ буда, аз тарафи устоҳои маҳаллӣ дар мавзеи боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳия бо тарҳи хеле нодир бунёд гардид. Қасри мазкур ба маблағи 34млн сомонӣ аз ҳисоби дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дорои муосиртарин имконият барои фаъолияти ҳамарӯзаи аҳли фарҳанги ноҳия мебошад.

Иншооти мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ошёнаи якум толор барои 1000 ҷои нишаст, утоқи маъмур, посбон, хазина ва утоқи пардоз ҷойгир шудааст.

Дар таҳхонаи бино амбори либос, ҳуҷраҳои техникӣ ва маҳфили рақс ҷой дода шудааст.

Дар ошёнаи дуюм утоқҳои роҳбарият, китобхонаи бачагона, маҳфилҳои ҳунарҳои халқӣ, шашмақом, шоҳмот ва дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои корӣ, маҳфилҳои рубобнавозон, рассомӣ, доиранавозон ҷой дода шудааст.

Толори Қасри фарҳанг бо таҷҳизотҳои тақвияти овоз ва воситаҳои равшандиҳанда таъмин мебошад.

Дар вақти бунёди бино тамоми қоидаҳову талаботи меъёрҳои меъморию сохтмонӣ ба инобат гирифта шудааст. Намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшу нигор, роҳравҳои зебо, дару деворҳои нақшину гаҷкорӣ ва оинабандӣ карда шуда хеле дилкашу назаррабост.

Дар баробари ороишоти намои дарунию берунӣ ба масъалаи ободонӣ ва кабудизоркунии муҳити атрофи иншоот аҳамияти махсус дода шудаст.