Сомонаи пешина | Пш, 22 Октябр 2020 / 11:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷавонони соҳаи фарҳанг ва санъат бахшида ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш ташкил мекунанд

17 сентябри соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тадорукоти дар мавзӯи “Ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон” бахшида ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласа бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардида, дар он кормандони ҷавони соҳаи фарҳанг ва санъат ва намояндагони Иттифоқи ҷавонон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масоили омодагӣ ба “Ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон” таҳти шиори “Интихоби мо-Пешвои миллат”, ки 24 сентябри соли 2020 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода ибрози боварӣ намуд, ки ҷавонони фарҳангдӯсти кишвар якдилона Муроҷиатномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳанд намуд.

“Мо низ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзади арзандаро дар симои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, бунёдкориву созандагӣ тарафдорӣ намуда, бо ҳамин ба рушди минбаъдаи кишвар, ободии диёр ва давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ягонаи тоҷик замина мегузорем”- зикр намуд Қурбоналӣ Абдураҳимзода.