Сомонаи пешина | Пш, 22 Октябр 2020 / 11:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муаррифӣ ва намоиш-фурӯши китобҳои нав

 

18 сентябри соли 2020 бо ташаббуси нашриёти “Адиб” дар ҳамкорӣ бо садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар толори хурди ин ниҳод муарифии зиёда аз 30 китоби тозанашри "Адиб" бо иштироки доираи васеъи олимону муҳақиққони адабиёт ва шоиру нависандагони шинохта доир гардид.

Таваҷҷуҳи ҳозирин бештар ба нашри ҷилдҳои силсилаи "Ахтарони адаб " (39,40,41, 42),ки иборат аз осори гаронбаҳои Аҳмади Дониш , Садриддин Айнӣ , Абулқосим Лоҳутӣ ва ашъори дастҷамъонаи Аллома Муҳаммад Иқбол, Халилуллоҳи Халилӣ ва Нодири Нодирпур равона шуд. Нашри китобҳои адибони муосир аз қабили Фарзона, Озарахш, Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Абдуҷаббори Абдуғаффор, Мӯҳтарам Ҳотам, Рустам Ваҳҳобзода, ҳамчунин осори ҷавонон барои мухлисони адабиёт хотирмон буд.

Рӯнамоии маҷаллаи бадеӣ-публиститсии "Адиб"-ро, ки ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид, иштирокчиёни чорабинӣ дастоварди нек арзёбӣ карда, ба мазмуну муҳтавои маҷалла баҳои баланд доданд.

Инчунин дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои нашриёти "Адиб" бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор гардид, ки дар он дӯстдорони адабиёт китобҳои тозанашрро дастрас намуданд. Дар ин намоиш-фурӯш 2500 нусха китоб аз рӯи 125 номгӯй, аз ҷумла 30 унвон китобҳои тозанашр ба алоқамандон пешниҳод шуд, ки аксари онҳо аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидаанд.

Боиси зикр аст, ки баргузории намоиш-фурӯши китобҳои нашриёти "Адиб" аз оғози соли гузашта ба ҳукми анъана даромада, дар пойтахт ва чандин шаҳру ноҳияҳо рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта баргузор мешуд. Бинобар паҳн гардидани бемории ҳамагири коронавирус баргузории он тӯли тақрибан панҷ моҳ ба таваққуф гузошта шуда буд. Инак баргузории намоиш-фурӯши китобҳо бо риояи қоидаҳои беҳдошӣ аз сари нав ба роҳ монда шуданд.