Сомонаи пешина | Пш, 22 Октябр 2020 / 11:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Туҳфаи Пешвои миллат хазинаи китобхонаҳои донишгоҳҳои вилояти Суғдро ғанӣ гардонид

 

17 сентябр дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгорону олимони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли ин муассиса муаррифии китобҳои тозанашри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Дар ин бора сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳи мазкур Сино Ғафурӣ ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод.

Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобхонаҳои вилояти Суғд, аз ҷумла донишгоҳҳои маркази вилоят миқдори муайяни китобҳои тозанашр туҳфа гардиданд.

Дар баробари дигар китобхонаҳои вилоят ба хазинаи китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ ба миқдори беш аз 50 адад 10 номгӯй китобҳо ҳамчун ҳадяи Сарвари маорифпарвари давлат супорида шуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш зимни муаррифӣ аз китобҳои туҳфанамудаи Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуда, пуштибонии худро аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат баён намуданд.

 

Зикр гардид, ки ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Ҳамасола баргузор гардидани  озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва қадрдонии китобхонон аз таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумат дар ин самт гувоҳӣ дода, ғанигардонии маҳзани китобхонаҳои донишгоҳҳои мамлакат бо китобҳои тозанашр баҳри баланд бардоштани маърифатнокии муҳассилин шаҳодати ин гуфтаҳост.

 

АМИТ Ховар