Сомонаи пешина | Ҷм, 30 Октябр 2020 / 13:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳамоиши ҷавонони соҳаи фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон таҳти шиори “Интихоби мо – Пешвои миллат”

homoishi javonon

24 сентябри соли 2020 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон њамоиши љавонони соњаи фарњанг ва ҳунари Тољикистон вобаста ба Интихоботи Президенти Ҷумњурии Тољикистон таҳти шиори“Интихоби мо-Пешвои миллат” баргузор гардид. 

Чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он намояндагони ҷавони соҳаи фарҳанг ва санъат иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон Обид Назариён ҳозиринро ба чорабинӣ хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки ҳамоиш дар њошияи Анљумани 14 – уми ѓайринавбатии Иттифоќи љавонони Тољикистон вобаста ба пешбарї намудани номзади Иттифоќи љавонони Тољикистон Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба мансаби Президенти Ҷумњурии Тољикистон баргузор гардида истодааст.

31 августи соли 2020 дар Анљумани 14 ѓайринавбатии худ Иттифоќи љавонони Тољикистон бо њамовозии амиќ номзадии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмонро ба мансаби Президенти Ҷумњурии Тољикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумњурии Тољикистон пешбарї намуд.

Дар баробари дигар ќишри љомеа мо низ иштирокчиёни њамоиши соњаи фарњанг ва њунар “Интихоби мо-Пешвои миллат”, њамчун як ќисми њассосу фаъоли Тољикистони азиз нисбати имрузу фардои таќдири миллату давлати тољик бетараф набуда, тасмим гирифтем, ки бо иштироки бевоситаи худ мавќеи устувори ҷавононро вобаста ба њамовозї аз мурољиатномаи вакилони Анљумани 14 Иттифоќи љавонони Тољикистон љињати пешбарии номзадии Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба мансаби Президенти Ҷумњурии Тољикистон дар марњилаи рушди устувори Тољикистон њамаљониба дастгирї намоем”-иброз дошт Обид Назариён.

Сипас муовини якуми Иттифоќи љавонони Тољикистон Назарзода Абдулло ба сухан баромада, оид ба нақши боризи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу ободии Ватани азизамон ҳарф зад.

Сипас ба њунарпешаи оркестри давлатии симфонии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон Хуљастаи Мирзовалї ва роњбари ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Муњаммадрафии Кароматулло оид ба дастгириҳои Пешвои миллат нисбати ҷавонони соҳибистеъдод сухан гуфта, аз ҳаёти худ мисолҳо оварданд.

Раиси љавонони Донишкадаи давлатии санъати тасвирї ва дизайни Тољикистон Наврўз Саидов   низ ба сухан баромада, ваъда дод, ки ҷавонони донишкадаи мазкур дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллию фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ сармашқи кори худ қарор медиҳанд.

Сипас бо дарназардошти музокирањо ва пешнињодњои љолиб аз љониби њунарпешагон изњороти иштирокчиёни Ҳамоиши љавонони соњаи фарњанг ва санъати Тољикистон қабул гардид, ки матни онро њунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоњутї Насриддин Асаддулоев қироат намуд. Иштирокчиёни њамоиш изњороти мазкурро бо шиорпартоии “Шараф ба Пешвои муаззами миллат!” ва “Шараф ба Пешвои љавонпарвари миллат!” дастгирӣ намуданд.

Дар фарҷом барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз ҷониби њунарпешагони љавон, ки аксар ғолибони озмунҳои милливу байналмилалӣ буданд, ба чорабинӣ ҳусни иловагӣ бахшид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ва шиорпартоиҳо ҳусни анҷом пазируфт.