Сомонаи пешина | Ҷм, 30 Октябр 2020 / 12:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сокини вилояти Суғд ба Осорхонаи вилоятӣ китоби асри XIX тӯҳфа намуд

 

Сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Раҳим Эрматов ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд китоб чопи сангие, ки аз аҷдодашон мерос мондааст ҳадя намуд.

Китоб «Сияри Туркӣ» ном дошта, нусхаи мазкур чопи литографии он мебошад ва бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба табъ расидааст. Бинобар ба маълумоте, ки дар саҳифаи аввали китоб сабт аст, ин китоб таълифи Мавлоно Муъин буда, бо эьтимоми Ҳоҷӣ Сиддиқ Хоҷаи Хуҷандӣ ба табъ расидааст. Кисмати аввали китоб ба забони тоҷикӣ ва қисмати дуюм бо забони ӯзбекӣ аст. Соли таълифи китоб навишта нашудааст. Аммо аз давраи зиндагии Ҳоҷӣ Сиддиқ Хоҷаи Хуҷандӣ фаҳмидан мумкин аст, ки китоб дар асри XIX ба нашр расидаст.

Китоб фарогири мавзӯоти таърих, фарҳанг, ахлоқ ва адабиёт мебошад. Муаллиф баъзан пас аз ҳар қиссаву ривоёт байтҳо низ ҷой додааст. Китоб дар маҷмӯъ аз 683 саҳифа, 642 варақ иборат буда, дар як варақ 27 сатр китобат шудааст.

Дар охир метавон гуфт, ки ин асар аз арзишмандтарин осори гузаштагон буда, дар рушди илму адаб нақши муҳим дорад.

Кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барои ин амали хайр ба ин шахси фарҳангдӯст ва хештаншинос изҳори миннатдорӣ менамояд. Боиси хушнудист, ки сафи чунин шаҳрвандони соҳибмаърифат зиёд гашта барои муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик кӯшиш менамоянд ва ба осорхона нигораҳои арзишманди таърихӣ тӯҳфа менамоянд.

Бойматова М.,

Корманди илмии МФТ “Қалъаи Хуҷанд”