Сомонаи пешина | Ҷм, 30 Октябр 2020 / 11:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Душанбе бо иштироки Вазирони фарҳанг ва аҳли илму адабу фарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистон мизи гирд доир гардид

 

mizi muddavar

26-28 сентябри соли 2020 аҳли илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, мулоқоту гуфтушунид, иштирок дар мизи гирд ва шиносоӣ пайдо намудан бо таърихи фарҳангу санъати тоҷик ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуданд.

Ҳайати 20 нафараи меҳмонон бо роҳбарии  Вазири фарҳанги ин кишвар Озодбек Назарбеков рӯзи 26 сентябр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмонон нахуст дар шаҳри Хуҷанд аз Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд дидан намуданд.

27 сентябр меҳмонон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ин ҷо мулоқоти расмии  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков баргузор гардид ва зимни сӯҳбат масоили умдаи таҳкими робитаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ баррасӣ гардиданд. Сипас меҳмонон аз Осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Баъдан вазирони фарҳанг ва  намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ду давлат дар мизи мудаввар таҳти унвони «Дӯстӣ бошад мароми ҷовидон!» иштирок намуданд.

Дар оғози мизи гирд Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки раванди таҳкими ҳамкории неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз саъю талош ва ташаббусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифтаанд.

Ӯ зикр намуд, ки таърихи миллати тоҷик ва ӯзбек то андозае ба ҳам наздик мебошанд. Ҳамасола аҳли эҷоди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангии ҳамдигар ширкат варзида, дар рушди фарҳанги ду мамлакат саҳм мегузоранд. Дар шароити душвори бемории ҳамагир аҳолӣ, пеш аз ҳама, ба фарҳанг ниёз дорад, зеро фарҳанг ба онҳо имкон медиҳад, ки бо рӯҳияи болида ва иродаи қавӣ бо вазъиятҳои буҳронӣ мубориза баранд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков иброз намуд, ки «мо бори аввал нест, ки ба Тоҷикистон ташриф меорем. Ин давлатҳо бо санъат ва расму оин бо ҳам алоқамондии зич доранд. Сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати пешгирифтаи президентони ҳарду давлат маншаъ мегиранд. Тавсеаи равобити судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шароити ҷомеаи муосир дар муносиботи гуногунсамтаи ду давлат саҳифаи нав боз намуд».

Дар ҷараёни мизи мудаввар намояндагони ҳарду ҷониб доир ба рушди муносибатҳои илмию фарҳангӣ изҳори назар намуда, нақши сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳоро дар тақвияти ин ҳамкорӣ муҳим шумориданд.

Баъди зӯҳри 27 сентябр меҳмонон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварда бо аҳли илму адаб мулоқотҳо оростанд. 

miz

miz1