Сомонаи пешина | Ҷм, 30 Октябр 2020 / 11:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи Фалак дар Филармонияи давлатӣ

IMG 7050

8 октябри соли 2020 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ифтихори Рӯзи Фалак, ки ҳамасоли 10 октябр таҷлил мешавад, барномаи консертӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикии муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён ҳусни оғоз пазируфт. Обид Назариён аҳли ҳунарро бо Рӯзи Фалак табрик гуфта, оид ба таърихи жанри фалак, рушди он дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт ва аз устодони ҳунар даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи мусиқии миллӣ ва ҷалби санъаткорони ҷавон ба нигоҳ доштани асолати санъати миллӣ аҳамияти бештар диҳанд.

Сипас, барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳоди аҳли толор гардид. Дар барномаи консертӣ ҳунарпешаҳои хушсалиқаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, Иттиҳодияи давлатии муассисаҳои театрию консертӣ, инчунин толибилмони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ҳунарнамоӣ карданд.

Чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоӣ баргузор гардид.

IMG 6981