Сомонаи пешина | Сш, 20 Апрел 2021 / 09:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тоҷикистон-хазинадори таърихи ҳама давру замонҳост

Кашф ва бақайдгирии ёдгориҳои мероси ғайриманқул яке аз самтҳои пешбурди фаъолияти мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон башумор меравад.

Дар ҳамин радиф аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорат дар якҷоягӣ бо нозири ҳифзи ёдгориҳои мероси ғайриманқули минтақавӣ, Директори мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук А.Хоҷаев дар ҷанубу-шарқии мавзеи Сулҳободи Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бошишгоҳи аҳди неолит (гузариш ба аҳди биринҷ) кашф ва ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Ҳангоми тадқиқҳо муайян карда шуд, ки мавзеи болозикр қабристони бошишгоҳи бошукӯҳ буда, аз он миқдори зиёди боқимондаҳои зарфҳои сафолӣ, олотҳои сангӣ ва аз ҳама муҳим табарҳои сангӣ бозёфт карда шуд.

Бозёфти ёдгории мазкур, далели “Тоҷикистон-хазинадори таърихи ҳама давру замонҳост”. Ҳамчунин дар харитаи мавзеъҳои таърихӣ- такягоҳии Ҳулбуки бостонӣ, ки ба рӯйхати силсила ҷоизаи Роҳи Бузурги Абрешими ЮНЕСКО номнавис гардидааст, боз як заминаи боэътимоди таърихӣ пайдо гардид.

Ин кашфиёт дарстоварди сазовор ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон маҳсуб мебошад. Итминон дорем, ки пажуҳиши минбаъдаи бостоншиносон ва таърихнигорон дар ёдгории мазкур ба китоби таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик саҳифаи навро зам менамояд.

Ҳамзамон ин мавзеъи мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳавии вазорат тибқи муқаррарот ба “Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Харитаи бостоншиносии ноҳияи Восеъ” номнавис карда шуд. 

Ш.Хоҷаев 
Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи 
мероси таърихию фарҳангӣ, 
номзади илмҳои таърих