Сомонаи пешина | Сш, 20 Апрел 2021 / 08:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ФАРХУНДА БОД, ҶАШНИ САДА!

Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХI мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриамон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.

Баъди расидан ба Истиќлолият ва озодї дар кишварамон як ќатор суннатњо ва љашнњои миллї эњё гардиданд, ки онњо садсолањо аз назари халќ дур буданд, таљлили баъзеашон манъ гардида буд ва ќисми дигарашон ба гўшаи фаромўшї рафта, танњо дар хотираи таърихиву фарњангии халќамон боќї монда буданду халос. Њатто таърихи халќи тољик мукаммал омўхта намешуд, ќисми зиёди одамон дар бораи ќавму ќабилањои ориёї, шоњони пешин, даврањои тиллоии давлати тољикон, муборизањои фидокоронаи фарзандони ин кишвари номвар ба муќобили аљнабиён ва дањњо њодисаву рўйдодњои дигари гузашта маълумот надоштанд.

Бо шарофати Истиќлолият ва ба сифати Президенти Љумњурии Тољикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоњу ватандўст ва худогоњу худшинос муњтарам Эмомалї Рањмон масъалаи њуввияти миллї ва эњё гардидани таърихи куњан, инчунин мурољиат ба осори пешин ва зинда намудани чењрањои таърихиву фарњангии гузаштаи халќи тољик ба љойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрљилдаи «Тољикон дар оинаи таърих», «Нигоње ба таърих ва тамаддуни ориёї», «Забон – њастии миллат» ва китобу маќолањои зиёди муњимми хусусияти ватандўстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халќи тољик таърихи нињоят куњан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танњо дар оинаи таърих, балки офаридањояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум бањои баланд дода, омўзиш ва тарѓиби ин осори гаронбањоро вазифаи њар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарњанги пешиниёнро насли имрўза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидќан арљ гузоранд.

Дар асоси њамин ишорањои ватандўстона омўзиш, тањќиќ ва љустуљўњои бостоншиносиву мардумшиносї дар љумњуриямон бо диди нав оѓоз шуд ва тайи ду дањсола натиљањои дилхоњ ба даст овард. Махсусан, љињати шинохти миллати тољик, таърихи нињоят ќадимаи он як ќатор таълифоти илмї арзи њастї карданд, ки онњо барои тањаввули тафаккури љомеа ва омўзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Њамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тољик ба омўзиши таърихи халќи худ ва даврањои ташаккули он майли бештар пайдо намуданд ва эњсосу муњаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбањои халќ бештар гардид.

Боиси сарфарозист, ки мањз тавассути асарњои Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ва ташаббусњои шоистаашон расму оинњои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарї хидмат намуданд, аз нав эњё гардиданд ва аз тарафи ањли љомеа ба хубї пазируфта шуданд. Дар байни онњо љой ва маќоми се љашни миллию мардумї – Наврўз, Мењргон ва Сада хоса мебошад.

Доир ба љойгоњи Наврўз ва Мењргон ва наќши онњо дар рўзгори мардуми тољик корњои илмии арзишманд таълиф шуданд, ањли љомеа таљлили онњоро ба хубї пазируфтанд ва њамасола дар мамлакат ин љашнњо бо шукўњу шањомат дар саросари диёри азизамон доир мегарданд ва хурду бузург дар тантанањои љашнї фаъолона иштирок менамоянд. Аммо оид ба љашни Сада дар кишвар асарњои илмї ва оммавї андак буда, маќоми ин љашни миллї кам шарњ ёфтааст ва таљлили он низ дуруст ба роњ монда нашудааст. Њол он ки Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон чанд сол муќаддам њангоми нахустин бор љашн гирифтани љашни Мењргон ишора карданд, ки: « … барои халќи тољик љашни Сада мисли љашни Мењргон таърихи ќадим дорад ва бояд аз нав эњё гардад». Муттассифона ба ин масъала кам ањамият дода шуда буд. Вале њоло таи чанд сол аст, ки дар кишвар дар доираи суннатњои ин љашни миллї ба таври хос баргузор мегардад.

Дар ин маќола кўшиш намудем, ки баъзе пањлўњои ин љашни ниёкон ва ањамияти онро барои халќи тољик дар шароити кунунї равшан намоем ва иљмолан доир ба пайдоиш ва таърихи ташаккули љашни Сада, ки вобаста ба Хуршед ва оташ аст, изњори назар намоем.

Таърихи нишонањои пайдоиши љашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хело ќадимї буда, ба замони пеш аз ориёї ва њатто аз он њам дуртар мерасад. Доир ба арзи њастї намудани он аввалин ахбор дар фарњанги гуфторї (шифоњї), устурањои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттї роњ ёфтааст. Хеле муњим аст, ки боварњо ва нишонањои эътиќод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуљуд омадани љашни Сада мебошад, то имрўз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.

Бо пайдо шудани оташ ва муќаддас гардидани он мардуми пешин барои худ љашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи љовидонагии Хуршед ва муќаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ў бо табиат вобастагии ногусастанї дорад. Баъдњо мањз пайдо шудани «љашни оташ» ва њамчун рамзи Хуршед донистани он «љашни Сада» дар миёни мардум густариш пайдо кард.

Мањз љашни Сада барои эњтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рўшної асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони ќадим ба ин муќаддасот эътиќод пайдо намоянд ва онњоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурўзонии хеш ба зиндагии одамон гармї ворид карда бошад, пас, оташу рўшної барои мунаввар сохтани ќалби онњо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдњо онњо ба ду љавњари муќаддас табдил ёфтаанд, ки дар устурањо љанбаи парастишї пайдо кардаанд ва баъдњо аз љониби муъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолањо, оташ намои Њурмузд мањсуб ёфта, дар оини зардуштї љойгоњи хос дошт ва бо усулњои мухталиф парастиш мегардид.

Дар баробари ин ниёгони пешини мо рўйи худро ба сўи оташ намуда, дастони худро ба сўи Хуршед мебурданд ва барои бењбудии рўзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Њадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврўз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидої маќом ва љойгоњи хос дошт. Њамин боварњо буд, ки дар замонњои хеле дури пеш аз мелод ќавмњои гуногуни одамї барои рўзгори худ устурањо меофариданд ва хушњоливу зиндагии баъдиашонро бо ин љашну маросим пайванд менамуданд, ки љашни Сада яке аз онњост.

Дар бораи пайдоиши љашни Сада назарњо гуногун мебошанд. Баъзе муњаќќиќон ва донишмандон онро љашни замони ориёї мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёињо медонанд. Бале, љашни Сада марбут ба замони пеш аз ориёињо аст. Ин љашн, тибќи устурањо, дар замони шоњони асотирии пешдодиён, ки таърихи тахминан 6-7 њазор сол доранд, баргузор мешудааст. Мисоли барљастаи ин њамон устураи «Бунёд нињодани љашни Сада» дар «Шоњнома»-и безаволи Фирдавсї аст. Метавон ба таври мантиќї тахмин зад, ки устураи мазкур аз замони Пешдодиён то рўзгори Фирдавсї, њамчун эътиќоди мардум ба Хуршед ва рамзи он ба оташ, дар байни омма баён мешудааст. Пасон Фирдавсї онро ба назм даровардааст.

Вале ба њар сурат пайдоиши љашни Сада ва устурањои марбут ба он ба масъалаи таљаммўи рўшної ва оташ вобаста мебошад ва аз тањаввули ташаккули ќавмњои ориёї дарак медињанд, ки онњо ин љашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдињо онро то рўзгори мо расониданд. Агар аз ин нуќтаи назар ба љашни Сада наздик шавем, нахуст аз њама моњияти маќулањои хуршед, рўшної ва оташ пеши назар меоянд, ки њар кадомаш ба њаёти инсон ва табиат вобастагии зич доранд. Ба њамагон маълум аст, ки мањз ба воситаи рўшноии Хуршед тамоми мављудоти олам зинда аст ва њаракат мекунад.

Дар ин бора Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон дар навиштањои худ ишорати љолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни ќуввањои сершумори бадї, дар дашту љангалњои Осиёи Марказї, ки љони инсонро дар азоб ва ба тањлука меандохт, бахусус хушкї ва торикї бисёр зиёновар буданд. Онњо дарёфта буданд, ки бар зидди неруњои номбаршудаи бадї, озар ё оташ ва раъду барќ муассир буданд. Бар зидди торикї бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муќаддас дониста мешуд. Нисбати њамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди ќавмњои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст» (Эмомалї Рањмонов, «Нигоње ба таърих ва тамаддуни ориёї», 2006, с.263).

Њамин хусусиятро инсонњои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед бањра мебурданд ва алоњида онро ниёиш карда, пасон, рўшної ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурњои табииро кашф карданд ва ба онњо эътиќод оварда, ба парастишашон оѓоз намуданд, ки баъдњо муљиби пайдо шудани љашни Сада гардидааст.

Агар аз ин нуктаи назар ба љашни Сада наздик шавем, нахуст аз њама ба назари мо Хуршед љилвагар мешавад. Чунки бидуни Хуршед њаёт вуљуд надорад. Мањз ба воситаи рўшноии он тамоми мављудоти олами зинда дар њаракат аст. Инсонњои замони бостон, ки њанўз нутќ надоштанд, дар канори тамоми мављудоти олам аз гармии Хуршед бањра мебурданд. Баъд аз он ки инсон соњиби гуфтор гардид ва андешаашро ифода мекардагї шуд, ки ин тахминан 40-50 њазор сол аст (ниг.: Старостин А.С., У человека был один праязык / Знание сила, 2003, №8) ба муњити худ бо назари устураї менигарист. Ба таври комил намедонист, ки чаро Хуршед мебарояд, гармо ва сармо њаст ва ѓайра. Мањз барои њамин аз њамон замонњои бостон инсонњои љомеаи ибтидої, ки акнун дар бораи муњити зисти худ меандешиданд, ба Хуршед эњтироми зиёд доштанд. Онро муќаддас мењисобиданд. Баракати зиндагии худро ба он пайваст медонистанд. Њамин буд, ки дар тамоми гўшаву канори дунё ба Хуршед, баъдњо њамчун рамзи он ба оташ чун падидаи муќаддас эњтиром мегузоштанд. Ба хусус дар он кишварњое, ки дар он љо сармо бештар аст, чун рамзи Хуршед аз оташ гулхани хурду бузург афрўхта, дар гирди он шодиву сурур менамуданд. Њамчунин мањз Хуршед аст, ки бар пояи рўшноии он дар рўи замин, одамон ба кишоварзї машѓул мешаванд. Бо самари кишту кори худ рўзгори хешро пеш мебаранд.

Донишманди машњури англис Љеймс Љорљ Фрэзер (1854-1941) дар бахшњои људогонаи яке аз китобњои машњури худ тањти унвони «Шохаи тиллої» ба таври муфассал дар бораи эњтироми мардум ба оташ ва љашни оташ дар кишварњои аврупої ва дигар мамлакатњо сухан мегўяд. Дар баробари ин чи гуна бо рўзгори мардум пайванд будани оташро шарњ дода, љойгоњи муњим доштани онро дар њаёти моддию маънавии одамон равшан месозад. Зимнан чун намоди љашнї ба кор рафтани оташро низ таъкид намуда, ишорат бар он менамояд, ки оташ ин як навъ инъикоси рамзии Хуршед аз љониби одамон дар рўи замин аст (Фрэзер Дж., Золотая ветвь, Т.2. М., 2001, с.312-378).

Дар фарњанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанї ва торикї њамчун љавњари маънавї наќши калидї доранд, ки он ба љашни Сада низ алоќаманд мебошад. Дар доираи ташаккули њамин унсурњои ба њам зид гузаштагони мо, аз љумла ќавмњои ориёї ду фасли сол доштанд, ки ин њамон муборизаи Њурмузду Ањриман ва муборизаи равшанї бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (њама [hama]) бузург меномиданд, ки он њафт моњро дар бар мегирифт ва аз оѓози фарвардин (баробари 21-ум ва гоње 22-уми моњи март) шурўъ шуда, то охири моњи мењр (баробари 22 октябр) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моњи обон (баробари 22-23 октябр) сар мешуд ва то поёни моњи исфандро (баробари 21-22 март) дар бар гирифта, 150 рўз идома меёфт.

Ба гуфти бархе аз пажўњандагон, њамин ки аз зимистони бузург (22 октябр то 30 январ) сад рўз мегузашт, мардум љашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онњо бовар доштанд, ки лањзањои сармои љонкоњ гузаштаасту нармию гармї вориди рўзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки нерўи ањриманї аст, хушњолї карда аз дашту сањро њезум, бутта, хошок љамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикї он хирмани њезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ њама љо фурўзон мегашт ва дар гирди он раќсу бозию хушњолї менамуданд. Дар он рўзгорони ќадим ниёгони ориёињо бар он бовар буданд, ки ин гулхан њамчун неруи Њурмузд бозмондањои сарморо, ки марбути Ањриман аст, нобуд месозад (Ниг.: Разї Њ. Гоњшуморї ва љашнњои Эрони бостон. Тењрон, 1371).

Доир ба таърихи пайдоиши љашни Сада назарњои дигар низ мављуданд, ки барои равшан шудани маќсад аз онњо ёдовар шудан аз манфиат холї намебошад.

Абурайњон Берунї дар «Аттафњим» доир ба ин љашн чунин ишора намудааст: «Сада чист? Обонрўз аст аз бањманмоњ. Ва он дањум рўз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рўзи дањум аст ва миёни рўзи ёздањум оташњо зананд ба гавзу[чормаѓз] бодом ва гирд бар гирди он шароб хўранд ва лањву [бозї] шодї кунанд. Ва низ гурўње аз он бигузаранд, то ба сўзонидани љонварон. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ў то Наврўз панљоњ рўз аст ва панљоњ шаб...» (Аттафњим, 1973, с.145). Аз рўи ин маълумоти таърихї равшан мешавад, ки ин љашн дар миёни мардум аз замонњои ќадим мањбубият доштааст ва ба он гузаштагони мо эњтироми хоса менамудаанд.

Тавре ки ишорат гардид, доир ба таърихи љашни Сада Абулќосим Фирдавсї дар «Шоњнома» бо баёни устураи љолиби даврони Пешдодиён, ќадимияти онро тасдиќ кардааст ва арзиши онро барои мардуми эронитабор муњим донистааст. Шоир устураи Њушангро ба достони худ ворид карда, ба он љанбаи таърихию бадеї бахшидааст ва марбути замони бостон будани ин љашн ишора кардааст. Фирдавсї менависад:

...Яке љашн кард он шабу бода хвард,

Сада номи он љашни фархунда кард.

Зи Њушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ў дигар шањриёр.

(Фирдавсї 1987, с.53-54).

Устурае, ки Фирдавсї ба назм дароварда, дар ќисми аввали достони худ ба он оњанги таърихию бадеї бахшидааст, аз ќадимияти ин љашни ниёкон хабар медињад. Аз рўи ишорањои дигари Њаким Фирдавсї љашни Сада дар замони шоир маълум буда, мардум барои баргузории он интизорї мекашиданд ва онро таљлил менамуданд:

Бињиштам биёмад зи оташкада,

Чу наздик шуд рўзгори Сада.

Аз ин ишорањо маълум мешавад, ки Фирдавсї ин љашнро хуб мешинохтааст ва њамчун маросими миллї аз он ифтихор карда, бо муњаббат ва самимият дар бораи пайдоиши он наќл мекунад ва њамчун «фуруѓї эзадї» аз он ёд менамояд. Дар ин таъкиди Фирдавсї падид омадани оташ, рўшної муљиби мубориза ба муќобили торикї буда, арзи њастї кардани љашни Сада воситаи хушњолии мардум мебошад, ки бо ин роњ онњо шодию хурсандї мекунанд, ба њамдигар таманниёт орзу менамоянд ва кинаву адоватро аз худ дур месозанд. Баъдан аз болои оташ парида, њамаи бадињову балоњоро, аз тариќи оташ, њамчун зуњури ањриманї аз ботинашон дур месозанд. Ин рукнњо баъдњо ба анъанаи миллї табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халќ љойгоњи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарњангиашон ворид мешаванд ва то ба имрўз идома меёбанд.

Дар рисолаи «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсї-тољикї» (А.Рањмонов, Душанбе: Дониш, 1999, с. 105-106) доир ба таърихи пайдоиши љашни Сада ва устураи Њушанг маълумот дода, таъкид шудааст, ки як омили падид омадани «оташ» дар тафаккури асотирии мардуми эронитабор аз таассуроти одамони ибтидої ба табиат сарчашма мегирад ва ќисме аз онњо дар аввал љанбаи парастишї гирифта бо гузашти замонњо ва иваз гардидани тафаккури эљодию зењнї ба таркиби оину љашнњои миллї (ба мисли љашни Сада ва Мењргон ва амсоли онњо) ворид шуда, ба маросим табдил меёбанд. Вобаста ба ин таъкид карда шуда буд, ки: «Дар сарчашмањои оиниву устуравии мардуми эронитабор, аз љумла тољикон, аввалин андешаву орзуњои мардум ифода ёфтаанд, ки дар њар кадоми онњо рамзи таассуроти нахустин халлоќони олам инъикос шуда, баъдтар тавассути мазњабњои мухталифи миллї ва дигар манбаъњои хаттї пояи устувор пайдо кардаанд. Устурањои миллии халќњои эронитабор мањз дар њамин сарчашмањо љой гирифта, аз њамин роњ ба фарњанг ва адабиёти бадеї шомил гардидаанд». (Ниг.: Рањмонов А., Назария ва сайри таърихии устурасозии форсї-тољикї, Душанбе, 1999, с. 80).

Дар њаќиќат устураи Њушанг ва пайдоиши оини Сада баъдњо хусусияти милливу маросимї гирифта, ба ќатори дигар љашнњои мардумї ворид шуд ва дар миёни мардуми эронитабор, аз љумла тољикон маќому манзалати хос пайдо намуд, ки аксари шоирони пешин ва сарчашмањои таърихї аз тарзи баргузорї ва арљ гузоштани он аз љониби шоњон ва ањолї ахбори зиёде ба ёдгор мондаанд.

Оид ба истилоњи «сада» фикрњои гуногун мављуд бошанд њам, онњо ба њамдигар умумият дошта, ќадимияти ин љашнро тасдиќ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронї Њошими Ризої дар бораи вожаи сада менависад, ки: «Сада вожаи форсї аст. Дар пањлавї бояд ба шакле аз ин ашкол: сат [sat], сатаг [satag], садњаг [sadhag], садњ [sadh], сата [sata] буда бошад. Дар арабї ба сурати сазаќ ё садаќ китобат ва талаффуз мешавад. Маъмулан вожањое, ки аз форсии миёна ба форсии љадид даромада ва ба «њо»-и ѓайри малфуз хатм мешаванд, дар асл ба њарфи «гоф» ё «коф» тамом мешуда. Њамчунин њарфи «т» дар пањлавї, дар форсии љадид ба «д» ва дар арабї ба «зол» табдил мешавад. Дар форсии миёна ва форсии бостон ва Авасто ба њар њол вожаи сата ба маънии сад, адади сад мебошад, чунонки дар форсї низ сада ба маънии сад сол дар баробари ќарн ба кор меравад». (Њошим Р, Љашнњои оташ ва мењргон, Тењрон, 1383, сањ.99)

Дар бораи Сада дар Луѓатномаи Дењхудо, ки он дар асоси фарњангњои пешин таълиф шудааст, чунин омадааст: «Сада. Аз сад+а, бадал аз фатњаи охир (пасванди нисбат). Луѓатан ба маънии мансуб ба шумораи сад. Дар бораи иллати интисоби ин љашн ба шумораи мазкур гуфтањои бисёр овардаанд… Номи рўзи дањум бањманмоњ аст ва дар ин рўз форсиён ид кунанд ва љашн созанду оташи бисёр афрўзанд ва мулук ва салотини эшон мурѓон ва љонварони сањроиро гирифта, дастањои гиёњ бар пои эшон баста дар он гиёњ зананд, то дар њаво бипаранд ва дар сањро бираванд ва њамчунин оташ дар кўњу сањро зананд» (Дењхудо, соли 1373, с.11920).

Дар «Ѓиёс-ул-луѓот» оид ба љашни Сада чунин шарњ омадааст: «Сада дар форсї номи љашне аз љашнњои муѓон, ки ба рўзи дањуми моњи бањман бошад; ва ба зам ва ташдиди дол (яъне судда) дар арабї ба маънии остона ва ба маънии гирењ монанди чизе, ки дар рўдањо ё дар рагњо дарояд ва роњи онро банд намояд (аз «Бурњон» ва «Латоиф» ва «Суроњ» ва «Рашидї» ва ѓайри онњо); ва дар «Сирољ» навишта, ки сада (ба фатњатайн) дањуми рўзи бањман; чун дар ин рўз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст ба адади сад расида, лињозо рўзи љашн муќаррар шуда; ва лафзи сад дар асл бо сини мањмала аст, ки њоло ба сод машњур шуда» (ниг.: Муњаммад Ѓиёсуддин. Ѓиёс-ул-луѓот. Душанбе: Адиб, 1987, с.417).

Дар аксари луѓатномањо њамин маънии болоро тарафдорї намудаанд, аммо устурашинос Мењрдоди Бањор, ки худ авестошинос низ аст, ба таври мантиќї вожаи садаро ба таври зерин маънидод намудааст: «Вожаи авестоии саза ки исми муаннас аст, ба маънои зуњур, ошкорої ва пайдої аст. Ин вожа аз решаи санд (sand) ба маънои ба назар расидан муштаќ гаштааст. Ба яќин дар канори вожаи муаннаси сазо вожаи музаккари саза њам метавонистааст вуљуд дошта бошад. Дар забонњои эронии миёнаи ѓарбї алоќаи бисёре вуљуд дорад, ки исм ва сифатро бо афзудани пасванди ак (ak), ки худ бозмондаи ака (aka) дар Эрони бостон аст, ба кор баранд. Бад-ин рўй вожаи саза дар Эрони бостон метавонист ба сурати сазак (k) ё садак (sadak) дар форсии миёна вуљуд ёбад, ки талаффузи љадидтари он дар форсии миёна сазаг (g) ё садаг (sadag) буда ва њамин ду талаффуз дар форсї ба сурати «саза» ё «сада» дида мешавад. Вуљуди вожаи муарраби «сазаќ» дар арабї ва таркибњои «барсазаќ» ва «навсазаќ», ки номи панљумин рўзи бањман аст ва дар он рўз ба истиќболи љашни Сада мераванд њадси моро дар бораи вожаи сазаг (g) ё садаг (sadag) тайид мекунад ва мерасонад, ки чунин вожањое дар забонњои эронии миёнаи ѓарбї вуљуд доштааст. Бинобар ин, муњтамилан вожаи сада, на бо вожаи сад, балки бо решаи санд (sand) маънои «зоњир шудан» марбут аст ва маънои он «зуњур, ошкорої, пайдої» аст» (Мењрдод Б., Љусторе чанд дар фарњанги Эрон, Тењрон, 1376, с.241).

Мењрдоди Бањор дар яке аз гуфтугўњои худ низ нисбати вожаи сада назари худро гуфта њамон гуфтаи пешинаашро таќвият дода чунин шарњ додааст: «Тављењи он бо адади «сад» иштиќоќи омиёна аст, чунон ки панљоњ рўз ва панљоњ шаб монда ба Наврўзро сада фарз кардаанд. Ба гумони ман сада аз решаи санди (sand) авестої аст ба маънии «зоњир шудан» аст» (Бањор М. Аз устура то таърих, Тењрон, 1381, с.354).

Ин назари мантиќии М.Бањор, ки яке аз устурашинос ва донандаи забонњои бостонї аст ва тибќи фармудаи эшон мафњуми Сада асосан ба таќвими пешиниён алоќаманд буда, он наздик шудан ба Наврўз ва аз зимистони бузург гузаштанро ифода менамояд. Тибќи гуфтаи ў «Сада ба рамзњои оташ, Хуршед ва рўшноиву торикї иртибот буданро дар худ таљљалї менамояд ва он хоси эътиќодоти одамони пешин буда, дар он ормонњои ибтидоии гузаштагон нињон мебошад» (Бањор М., Аз устура то таърих, Тењрон, 1381, с.354).

Барои он ки хонандагони гиромї асли матлабро дарк намоянд, ба чанде аз устурањои машњур мурољиат менамоем, ки дар он аз љашни Сада ёдовар шудаанд.

Дар устураи «Адади фарзандони Одам» низ доир ба таърихи љашни Сада ишора рафтааст: «Мегўянд Каюмарс, яъне Одам, ки нахустин инсон буд сад фарзанд дошт. Панљоњ нафари онњо аз љинси зан ва панљоњи дигар аз љинси мард. Замоне, ки онњо ба балоѓат расиданд он рўзро љашн гирифтанд ва њамаи онњоро соњиби хонаву љой карданд. Сипас шоњ фармуд, ки оташи бисёр афрўзанд ва љашн гиранд. Аз ин рў он љашнро Сада меноманд». Ба ин устура дар «Бурњони ќотеъ», «Ѓиёс-ул-луѓот», «Луѓатномаи Дењхудо» ва манобеи дигар низ ишорат шудааст.

Дар устураи «Шаби пирўзї бар Зањњок» низ доир ба пайдоиши љашни Сада ахбор омада, дар ин љо асосгузори Сада Фаридун муаррифї шудааст. Ин устура низ хеле машњур аст. Дар сарчашмањои гуногун дида мешавад. Аз љумла, Берунї ин матлабро дар «Аттафњим» ва ба хусус дар «Осор-ул-боќия» муфассалтар баён менамояд: «Ва эрониён пас аз он ки кабс аз моњњои эшон бартараф шуд, дар ин ваќт мунтазир буданд, ки сармо аз эшон бартараф шавад ва давраи он бекор гардад, зеро эшон оѓози зимистонро аз панљ рўз, ки аз обонмоњ бигузарад, мешумурданд. Ва охири зимистон дањ рўз, ки аз бањманмоњ мегузашт, мешумурданд. Ва ањли Караљ ин шабро – «шаби газана» мегўянд, яъне шабе, ки дар он газидан зиёд аст. Ва маќсудашон ин аст, ки сармо шахсро дар ин шаб «мегазад». Гуфтаанд: сабаб ин ки дар ин шаб оташ бардошта мешавад, ин аст, ки чун Зањњок ќарор гузошта буд, њар рўз ду нафар биёваранд ва барои море, ки ба дўши ў буд, димоѓи онњоро ѓизо ќарор дињанд. Ва шахсе, ки муваккал ба ин кор буд, пас аз омадани Зањњок ба Эрон, Измоил ном дошт. Ва ин шахси муваккал яке аз ин дуро озод мекард ва тўшае мебахшиду ўро амр мекард, ки ба ќисми ѓарбии кўњи Дамованд сокин шавад. Ва дар он љо бираваду барои худ хонае бисозад. Ва дар ивази ин шахси озодшуда ба ду мори сари китфи Зањњок димоѓи ќўчќоре мехўронид. Ва ин димоѓро бо димоѓи як нафари дигар, ки кушта мешуд, махлут мекард. Ва чун Фаридун Зањњокро гирифт, Измоилро њозир кард ва хост, ки ўро «подош бахшад». Измоил ашхосеро, ки аз ќатл боздошта буд, Фаридунро хабардор кард. Ва як расул аз Фаридун хост, ки ба кўњи Дамованд биравад, ки то њаќиќати масъаларо ба Фаридун бирасонад. Ва чун Измоил ба кўњи Дамованд расид, озодшудагонро амр кард, ки бар пушти бомњои худ њар як оташе биафрўзанд, то шумораи эшон зиёд ба назар ояд. Ва ин воќеа дар шаби дањуми бањманмоњ буд. Ва фиристодаи Фаридун гуфт: «Чи ќадар хонаводањо, ки ту озод кардї! Фиристода аз он љо баргашту Фаридунро аз он чї дида буд, хабардор кард. Ва Фаридун аз шунидани ин воќеа хеле масрур шуд ва худи ў ба кўњи Дамованд рафту озодшудагонро дид. Сипас Измоилро љузви наздикони худ гардонид. Ва Дамовандро тобеи ў кард ва ўро ба тахте зарин нишонид. Ва номашро Масмаѓон гузошт». (Берунї, Осурулбоќия, Душанбе, 1990, с.250-251).

Чунин устурањо ва ривоятњо дар бораи ин ё он воќеа ва њодисаи замони бостон, то рўзгори мо дар шаклњои мухталиф расидаанд. Њамаи ин устурањоро баъдњо ховаршиноси машњури даниягї Артур Кристенсен, Њошим Разї, Мењрдоди Бањор ва дигарон мавриди омўзиш ќарор медињанд. Аммо А.Кристенсен дар доираи таъкиди олимони шинохта ба мисли В.Маннњардт, Э.Вестермарк ва     Е.Монгк, Љ.Фрэзер ва дигарон доир ба масъалаи љашни оташ ва муќаддас донистани он изњори назар менамояд. Ба гуфти эшон дар бораи љашни оташ дар байни пажўњандагон ду аќида вуљуд дошта, бањси онон солњо идома ёфтааст. Яке ин буд, ки оташ тамоми нерўи зиёноварро бо афсуну љоду месўзонад ва дигаре ин ки нерўи бештар ба Хуршед мебахшад, яъне оташ таќлиде аз Хуршед аст. Баъдњо Љ.Фрэзер бо далелњои илмї собит менамояд, ки оташ на танњо таќлиде аз Хуршед будааст.

А.Кристенсен вориди ин бањсњо шуда ишорат бар он менамояд, ки он ба кишварњои аврупої, ки дар он љо сармо бештар аст, дуруст аст. Вале барои сарзаминњое ба мисли Эрон, ки обу њавои муносиб ва тобистонњои гарм доранд, њосили замин, пеш аз њама, ба Хуршед ва борон вобаста аст. Дар ин кишвар эњсоси камбуди Хуршед нест. Аз ин рў дар ин кишвар нерўи поксозии оташ эњтимолан танњо ангезаи љашни оташ аст. Ба гуфти В.Маннњардт оташ василаи поксозии ибтидої ва аз ин љињат муассиртар аз об аст. Ба ин васила љашни Сада чанд њафта пеш аз расидани бањору Наврўз аст, ки мардуми эронитабор ба ин муносибат дар кўњњо марѓзорњо оташ меафрўзанд, то мазореъ ва чарогоњњоро барои тобистон пок созанд. Рўиши фаровони гиёњњо ва бењрўзии одамиён ва њайвонотро таъмин намоянд. А.Кристенсен ба таври муфассал љашнњои оташеро, ки дар Эрони бостон будааст ва то имрўз нишонањои он дар байни мардум аст мавриди баррасї ќарор дода, ба чунин натиља мерасад, ки љашнњои гуногун вуљуд дошта, яке ба дигар пайванд будааст (ниг.: Кристенсен А., Нахустин инсон ва нахустин шањриёр, Тењрон, 1377, с.212-225).

Аммо дар ин љо боз ба андешаи устурашиноси номдор Мењрдоди Бањор бармегардем, ки эшон ба таври мушаххас назари худро дар мусоњибањои худ гуфтааст. Ба гуфти эшон љашни Сада марбути зардуштиён нест, вале онњо њоло таљлил менамоянд. Муддате дини зардуштї љашни Мењргон ва Наврўзро мепазирад, вале иди Садаро, ки чун љодуї менигоштанд, вориди дин накарда буданд (ниг.: Бањор М., Аз устура то таърих, Тењрон, 1381, с.353).

Тавре ки дар аввал ёдовар шудем, љашни Сада ин вобаста ба чиллаи Хуршед аст. Барои дуруст баён намудани матлаб ба як нуктаи дигар низ равшанї бояд андохт. Ин он аст, ки баъзењо Хуршед ва Мењрро яке медонанд, ки ин тавр њам нест. Мењр ё Митро (ба авестої «Мисра», пањлавї «Митр») маънои зиёд дорад. Аз љумла ањд, паймон, муњаббат, њафтумин моњи сол, рўзи шонздањуми њар моњи шамсї ва ѓ. Мењр эзади паймону фурўѓ дар Эрони Бостон буд ва ўро эзади мењру дўстию ањду паймон ва мазњари фурўѓу рўшної мепиндоштанд. Ба аќидаи Ёњаќї «Мењр эзадест, дорои њазор чашм ва ду њазор гўш ва дањ њазор посбон…» (Ниг.: Ёњаќї М., Фарњанги асотир ва достонворањо дар адабиёти форсї / Тањия ва шарњу тавзењот ва тањќиќоти Р.Вањњоб, Душанбе, 2014, с.319).

Дар солњои охир пажўњандагон бидуни андеша шаби ялдоро (шаби чилларо, 21-22 декабр), ки дарозтарин шаб аст, таваллуди Мењр медонанд. Аз иттилои боло маълум шуд, ки Мењр маънињои зиёд дорад. Пас фаромўш набояд кард, ки шаби чилла ё ялдо ин таваллуди фаќат Хуршеди воќеї аст. Калиди даќиќ намудани љашни Сада низ дар њамин љост. Яъне шаби ялдо ин шаби таваллуди Хуршед аст, на Мењр. М. Бањор дар ин бора гуфтааст: «Љашни Садаро нигоњ кунед, ки дар дањуми бањман (30 январ) аст. Хуршед бино ба эътиќодоти куњан шаби дайљури (торики) вањшатнок, поёни озармоњ ва аввали дай (21-22 декабр), байни поиз ва зимистон, баландтарин шаби сол аст, ки ин шаби зоида шудани Хуршед аст. Дар ин дарозтарин шаб, Хуршед саранљом зода мешавад. Хуршеде, ки дар поёни поиз мурда буд, дар зимистон бача аст, дар бањор нављавон аст, дар ављи тобистон дар ављи ќудрат аст. Дар поиз пир мешавад, дар поёни поиз мемирад ва Хуршеде, ки дубора аз аввали дай меояд як Хуршеди тоза аст, як навзод аст…» (Бањор М., Аз устура то таърих, Тењрон, 1381, с.304).

Мењрдоди Бањор, донишманди устурашиноси даќиќназар, дар асоси мутолиаи устурањои љашнњои оташи кишварњои гуногуни олам ва осори устурашиносон ба чунин натиља расидааст, ки Сада ин дарвоќеъ љашни чиллаи Хуршед аст. Мањз тавассути гулхани оташ, ки намоди Хуршед аст аз гузаштањои дур то имрўз ниёгони мо ин бузургтарин ва нодиртарин падидаи табииро бо эътиќод, афсуну љоду љашн мегирифтанд. Ин «кўдаки хурдсоли чилрўзаро», ки номаш Хуршед аст, бо оташи Сада гарм мекарданд. М.Бањор ин нуктаро ба таври зерини шарњ додааст: «Бо ин оташбозињо, ки дар воќеъ љодуи гарм шудани Хуршед аст, ин бачаро ташвиќ ба рушд ва гарм шудан мекунем, ба ў энержї ва ёрї медињем, ки ќавитар бишавад. Дар маросими марбут ба таваллуд то чињил рўз бачаро маъмулан дар хона нигоњ медоранд ва ба касе нишон намедињанд. Дар рўзи чињилум аст, ки бачаро дигар ба њама нишон медињанд, аз хона берун мебаранд. Мо дар чињилум, аз аввали даймоњ, яъне дањуми бањман (30 январ) љашни Сада мегирем. Дарвоќеъ Хуршед дар ин рўз чињилрўза шуда. Дар осори ќадим, ба думи парандањо љоруи (љоруби) кўчаке мебастанд ва думи парандањоро оташ мезаданд ва ба њаво парвоз медоданд. Гўё њазорњо Хуршед дар осмон мепарид дар шаб. Кўњаи оташ дуруст мекарданд, ба гирдаш мераќсиданд. Ин кўњаи оташ намоди Хуршед аст. Ин парандањое, ки дар фазо њастанд, хуршедаконе дар фазо њастанд, ки дар воќеъ љодуи оташ будааст. Љодуи гарм кардани Хуршед ба муносибати чињилумин рўзи таваллуди Хуршед. Хуршед мазњари баракат барои инсон аст. Њаёти мо ба Хуршед вобаста аст. Пас куллияи љашнњои хуршедї масъалаи баракатбахшро ба нањве ба худаш дорад» (Бањор М., Аз устура то таърих, Тењрон, 1381, с.305).

Љашни Сада дар тўли таърих ташаккул ёфта, ба таълимоти мазњабиву миллї пайванд гардида, байни халќ мањбубият касб карда будааст. Дар замони Сомониён ин љашн роиљ буда, пасон дар замони Ѓазнавиён низ машњур будааст. Султон Мањмуди Ѓазнавї низ ин љашнро бо шукўњу шањомати хос таљлил менамудааст. Доир ба он Абулфазли Байњаќї чунин маълумот овардааст: «Ва рўзи чањоршанбе њафтдањуми (моњи) сафар пас аз бор хилвате кард, амир бо вазир ва соњибдевонони рисолат ва авлиё ва њашам ва Хоља Њусайни Микоил низ он љо буд ва рой заданд дар маънии њаракат ва ќарор гирифт бадон ки сўи Марв рафта ояд ва бар ин боз пароганданд. Ва Хоља Њусайни Вакил шуѓл бисохт ва бистуми ин моњ сўи Марв бирафт то мисол дињад улуфот ба тамомї сохтан чунонки њеч бенавое набошад чун раияти Мансур он љо расад. Ва пас аз рафтани ў то се рўз амир фармуд то сарои парда бар роњи Марв бизаданд бар се фарсангии лашкаргоњ. Ва Сада наздик буд, уштурони султониро ва аз он њамаи лашкар ба сањро бурданд ва газ кашидан гирифтанд то Сада карда ояд ва пас аз он њаракат карда ояд. Ва газ меоварданд ва дар сањрое, ки љўйи оби бузург буд бар он шараф (баландї, муртафеъ) меафганданд, то ба болои ќалъате баромад. Ва чањортоќњо бисохтанд аз чўби сахт баланд ва онро ба газ биёганданд. Ва гази дигар ки сахт бисёр буд, болои кўње баромад бузург. Ва аллаи (уќоби) бисёр ва кабўтар ва он чї расм аст аз дороти ин шаб ба даст карданд» (ниг.: Байњаќї Муњаммад Њусайн, Таърихи Байњаќї, Љ.1., Тењрон, 1388, с.437-438.)

Тибќи ишоратњои Байњаќї дар он рўзгорон љашни Сада аз љониби њукумати замон бошукўњ баргузор мешудааст. Аз љумла Байњаќї дар ин бора чунин гуфтааст: «Ва Сада фароз омад, нахуст шаб амир бар он лаби љўйи об, ки шароъйе зада буданд, биншаст ва надимон ва мутрибон биёмаданд ва оташ ба њезум заданд – ва пас аз он шунидам, ки ќариби дањ фарсанг фурўѓи он оташ бидида буданд – ва кабўтарони нафтандуд бигзоштанд ва дадгон ба ќорондуд ва оташ зада давидан гирифтанд ва чунон Садае буд, ки дигар он чунон надидам ва он ба хуррамї ба поён омад». (Байњаќї, с.438).

Аз худи ин ишорањо маълум аст, ки ин љашнро мардум бо тарзњои гуногун таљлил намуда, шоњон низ ба он њамроњ шуда, дар базмгоњњо ва макони баргузории љашни Сада иштирок карда, шодию хурсандї мекардаанд ва ба њамдигар таманнои хушњоливу хушсолиро орзу менамудаанд.

Тавре ки ховаршиноси машњур Е.Э.Бертелс дар як маќолаи худ тањти унвони «Праздник джашн-и Саде в персидско-таджикской поэзии» (Бертельс Э., Избранные труды, М., 1988, с.302-313) навиштааст, шоирони дарбори Ѓазнавиён љашни садаро ситоиш намудаанд. Ба гуфти ў Унсурї дар ќасидае ба таври муфассал аз љашни Сада ёдовар мешавад, онро ёдгор аз Фаридуну Љамшед медонад ва тарзи баргузор шудани онро ба таври зерин тасвир менамояд:

Сада љашни мулуки номдор аст,

Зи Афредуну аз Љам ёдгор аст…

 

Њарчанд дар њар давру замон зидди оинњои бостонии ниёгони мо, ки пайвандгари инсон ва табиат мебошанд, шахсоне мубориза мебурданд ва мехостанд, ки ин љашнњои бостонї - Наврўз, Мењргон, Сада таљлил нагардад, вале боз њам мардум онњоро аз њама балоњо наљот дода, то рўзгори мо оварданд.

Хушбахтона, Сада дар ашъори шоирони садаи ёздањ зиёд тавсиф шудааст. Онњо Садаро ситоиш намуда, дар бораи ин љашн ва арзиши он назари хешро ифода намудаанд. Аз њама муњим дар адабиёти асри ёздањ љашни Сада, махсусан дар шеър, ба сифати талмењ корбарї шуда, њамчун як љузъи устураи мансух њифз шудааст, ки аз бузургии ин љашн ва ќадимияти он далолат мекунад. Чунончи Фаррухї мегўяд:

Равшанї дар осмон з-ин оташи љашни Садаст,

К-аз сарои хоља бо гардун њаме њамсар шавад.

 

Ба ин маънї дар байти дигар аз Сада њамчун талмењи мансух истифода карда, чи гуна дар шаб оташ афрўхтан ва тавассути он аз њама кирдорњои зишт тоза шуданро ёд намуда, тавассути хотираи таърихї аз ин љашни ниёкон ёд мекунад ва мегўяд:

Шаби Сада аст яке оташи баландафрўз,

Њаќ аст мар садаро бар ту њаќ он бигзор.

 

Дар ин бора Манучењрї низ изњори назар карда, ба тариќи руљўъ аз љашни Сада ёдовар мегардад ва хеле самимона аз омадани љашни Сада дарак медињад:

Омад ай саид ањрори шаб љашни Сада,

Шаби љашни Садаро њурмат бисёр бувад.

 

Манучењрї дар назди амир љашни Садаро ситоиш намуда, «ойини Каюмарс ва Сифандиёр» гуфтааст:

Љашни Сада амиро расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарс ва Сифандиёр бошад.

 

Ин љашн, то аввали садаи ХХ љойгоњи хос доштааст. Вале дар давоми ќариб як аср агар он оини хурофотї эълон гумон мешуда бошад њам, он аз хотираи мардум берун нарафта, дар музофот ва љойњои алоњида њамчун љузъи маросими мардумї шинохта мешуд ва таљлил мегардид. Нишонањои эњтиром ба оташ ва боварњое ба љашни Сада дар миёни мардум зинда буданд ва бо шаклњои гуногун муаррифї мешуданд, ки ќисме аз он дар рўзгори мардуми мо дар шакли наќлњои устураї, боварњо ба оташ, алавгардонї, маќолу зарбулмасал, таъбир ва оини халќї пойбарљост. Масалан, чанде пеш агар оташи оташдони хонаводае хомўш шавад, ин фоли бад буд. То имрўз дар миёни мардуми тољик нишонањое аз муќаддас будани оташ дар шакли таъбир ва маќол боќї мондааст. Чунончи: «Алави хонаат хомўш нашавад», «Худоё, чироѓи хонаат њамеша даргирон бошад» (фарзандталабї, ба хусус барои писар), «Худоё, њич кас бечироѓ нашавад» (беписар набошад), «Вай бечора бечироѓ аст» (беписар аст), «Чунон бачаи зўр буд, ки алав барин дар мегирифт», «Бачаи фалонї чун оташ аст», «Алав барин гарде!» (мисли оташ боше!) ва амсоли ин.

Њоло њам њангоми љашни арўсї дар Бухоро, Самарќанд, Бадахшон, Хатлон, ноњияњои Суѓд ва баъзе љойњои водии Њисор арўсро аз гирди оташ гирд гардондан, шамъ равшан намудан ва ё дар байни тамоми тољикон пас аз марг се рўз чароѓи хонаро хомўш накардан ба назар мерасанд, ки инњо аз боварњо ва оинњои гузаштагон сарчашма гирифтаанд.

То солњои 70 садаи ХХ дар баъзе дењоти кўњистони Тољикистон ва дар байни тољикони Осиёи Миёна мушоњида мешуд, ки дар айни ављи зимистон, барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани бањор, гурўње аз одамон ба дашту сањро, ё дар байни боѓи худ, хору хасу буттаву чўбњои хушки дарахтонро љамъ оварда, оташ афрўхта, шодмонї менамуданд. Наврасону љавонон дар гирди ин оташ бозиву шўхї ва њунарнамої менамуданд. Ин њамон нишонаи љашни Сада аст, ки мардум онро, бо эътиќод ба гузашта, то замони мо овардаанд.

Чанд дањсола пеш тўйи хатна бештар дар фасли зимистон баргузор мешуд. Шахсони доро дар тўйи хатнаи писари худ њатман мусобиќаи гўштин ва бузкаширо барпо менамуданд. Дар майдони гўштин ва бузкашї, пеш аз оѓози он, ба харњо њезум бор карда мебурданду аввал гулхане афрўхта, чанд лањза дар гирди он хурсандї мекарданд, баъд мусобиќа оѓоз мешуд. Мо мушоњида кардаем, то он даме ки гулхан наафрўзанд, пирамардони суннатгарои таљрибакор ба шурўъи мусобиќа иљозат намедоданд. Ин оин њоло њам дар зењни пирамардон боќї мондааст, ки ин низ њамон нишонае аз љашни Сада аст.

Аз ин ишорањо маълум мешавад, ки дар хотираи фарњангии халќи тољик љашни Сада маќоме мисли љашнњои Наврўз ва Мењргон дорад ва чи нек аст, ки дар таи чанд соли ахир он дар сатњи љумњурї таљлил мешавад.

Хуб мешуд, ки дар ваќти маросими љашни Сада суннатњои ин љашни мардумї бештар талќин гарданд, ки ќисме аз онњо ба замони мо низ мувофиќ аст. Аз љумла, мардум метавонанд дар њамин рўз, ба хотири љашни Сада бо њам биёянд, базм ороянд, хурсандї карда, дар боѓњои истироњатї чорабинињои фарњангї ташкил намоянд. Инчунин намоиши фурўши нињолу дарахтон ва гулу гулбутањоро, боз њам бештар, ташкил карда, мардумро ба дарахтшинонї ва гулшинонї даъват созанд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барљомондагон кўмак расонида, ба аёдати беморон бароянд ва онњоро дилбардорї кунанд. Дастархони хоксоронаи идона оро дода, дар он меваљот гузоранд ва шукрона аз сулњу субот намоянд.

Метавон ёдовар шуд, ки имрўзњо дар кишварњои гуногуни олам, дар он шањрњое, ки тољикон ва форисазбонон, курдњо, паштунњо, баллучњо ва дигар мардуми эронитабор зиндагонї менамоянд, Садаро љашн мегиранд. Дар тарабхонањо ба ифтихори Љашни Сада базми љамшедї барпо менамоянд.

Вобаста ба ин Сарвари кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон њангоми таљлили љашни Мењргон таъкид намуда буданд, ки: «Љашн танњо ба хотири љашн нест ва таљлили њар санаи муњим дар зиндагї бояд моро ба андеша ва хулосабарорї барои оянда тањрик созад».

Њоло аз баракати Истиќлолияти кишвари азизамон љашни Сада эњё гардид. Акнун шукўњи бостонии он сол то сол барќарор мегардад. Дар баробари фурў рафтани офтоб гулхани азиме афрўхта хоњад шуд. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо хоњад гашт. Доирадастон, сурнайнавозон, карнайнавозон, њунармандон, масхарабозон, дорбозон, аскиячињо, раќќосон, аспакбозњо, пањлавонон, њар касе, ки њунаре барои намоиш додан дорад, њунарнамої хоњанд кард.

Дар љашни Сада низ созњои миллї, навъњои гуногуни њунарњои мардумї, мањорати пазандагони моњир, навъњои таомњои суннатї, порчањои атласу адрасбофї, зардўзї, гулдўзї, ќолинбофї, заргарї, либосњои миллии зимистонї, намоиши расму оинњои мардумї ба маърази тамошо гузошта мешаванд. То бо ин шодмонию хурсандї зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар љањонро мунаввар намудани Хуршеди бањорофар, омодагии кишту кор ва ояндаи дурахшони рўзгор мадад намоем.

Умед дорем, ки љашни Сада низ ба сифати як љашни миллию мардумї на танњо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мададгори кишоварзон шуда, барои рушди боѓдориву токпарварї, гулкорию гулпарварї, чорводорию зироаткорї ва дар маљмўъ ободкорї мусоидат менамояд ва минбаъд боз њам густариш меёбад. Дар њаќиќат љашни Сада, ба мисли љашни Наврўзу Тиргону Мењргон љашни ободкорї ва кишоварзон мебошад, ки тамоми ќишрњои љомеа аз он дастгирї намуда, маросимњои онро риоя карда, аз баргузориаш изњори шодмонї мекунанд.

Њамчунин бо умеду орзуњои нек ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатњои ин љашн ба таври васеъ омўхта шуда, таљлили он дар саросари мамлакат ба њукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар руњияи баланди арљгузорї ба мероси маънавии халќ таљлил менамоянд. Ин тадбир имкон медињад, ки боз њам њуввияти миллї ќавитар гардад ва насли имрўза аз анъанањои ниёкони худ бештар бархурдор шаванд.

Ба гуфти Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон: «Аз ин рў, зарур аст, ки дастовардњои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба фењристи умумиљањонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва наќши тамаддунсози миллати тољикро минбаъд низ боло баранд».

Яъне Вазорати фарњанг, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмњои Тољикистон, донишгоњњо пас аз баррасии муфассал бояд САДА-ро барои ворид намудан ба фењристи умумиљањонии ЮНЕСКО талош намоянд.

Ба тамоми мардуми шарифи Тољикистон љашни Сада – љашни чиллаи Хуршед муборак бошад!

 

Абдуљаббор Рањмонзода,
академики Академияи миллии илмњои Тољикистон,

 

Равшан Рањмонї,
профессори Донишгоњи миллии Тољикистон