Сомонаи пешина | Сш, 20 Апрел 2021 / 08:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муаррифии китобҳои тозанашри Дилшод Раҳимӣ

28 январи соли 2021 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои тозанашри мардумшинос Дилшод Раҳимӣ, таҳти унвони «Эҳёи ҷашнҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» доир гардид. Дар он роҳбарияти Вазорати фарҳанг, олимон, муҳақиқон ва инчунин фолклоршиносон иштирок доштанд. Дар толор аксҳои марбут ба ҷашнҳои миллӣ ва касбу ҳунарҳои суннатӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

Ҳамоишро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ҷашни Сада табрик гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ бомаром рушд намуда, анъана ва суннатҳои аҷдодӣ аз нав эҳё ва дар сатҳи ҷаҳонӣ тарғибу ташвиқ мегардад. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Сарвари муаззам ҷашни миллии – Наврӯз ба ҷашнвораҳои байналмилалии СММ ворид карда шуд.

Ҳамчунин қайд намуд, ки Сада имсол 31 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Сипас, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ дар мавзӯи «Эҳёи ҷашнҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, китобҳои тозанашри “Тиргон – ҷашни об”, “Меҳргон – ҷанши баракату фаровонӣ” ва “Сада – ҷашни нур”муаррифӣ кард.

Доир ба мавзӯи “Аҳамияти таърихии ҷашнҳои миллӣ ва иқдоми нашри китобҳо дар самти шинохти ҷашнҳо”директори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ суханронӣ намуда, иброз дошт: Ниёгони мо дар чор фасл – чор ҷашн доштанд “Наврӯз” – дар баҳор, “Тиргон” – дар тобистон, “Меҳргон” – дар тирамоҳ ва “Сада”- дар зимистон.

Дар фарҷом доир ба мазӯи ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт.