Сомонаи пешина | Сш, 20 Апрел 2021 / 09:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПАЁМИ ПЕШВО - РАҲНАМО СӮЙИ КОМЁБИҲО

Андешаҳои аҳли ҳунари кишвар дар атрофи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шералӣ АБДУЛҚАЙСОВ – актёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон: - Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол низ чун солҳои пешин пурмуҳтаво буда, оид ба масъалаҳои муҳимми замони муосири кишвар бахшида шуд. Воқеан ҳам, рӯйдодҳои махсусан муҳим ва мондагору таъсиргузор марҳилаҳои зиндагии моро муайян мекунанд. Хушбахтона, дар рӯзгори халқи шарафманди тоҷик воқеаҳои хушоянду муосиру марҳиласоз, махсусан, дар тӯли солҳои охир хеле зиёд ба вуқӯъ мепайванданд, ки ин аз пешрафту рушди пайвастаи ҳаёти аҳли мамлакат дарак медиҳад. Роҳбари мамлакатамон дар Паёми хеш кулли соҳаҳои ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, доир ба пешрафт ва нашъунумӯи онҳо ибрози андеша намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми самтҳои тараққиёти ҷомеа зери назари Пешвои миллат арзёбӣ шуда, барои тақвият ёфтани онҳо чораандешӣ карда мешаванд. Чунин муносибати хайрхоҳона чун дигар Паёмҳои қаблӣ низ баръало эҳсос шуд, ки фикр мекунам, боиси шодмонии ҳар фарди тоҷик гардид.

Қурбоналӣ РАҲМОНОВ – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон: - Паёми имсолаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид ва ин фоли нек аст. Зеро вобаста ба ҷашни бузурги миллат аллакай корҳои бунёдкориву созандагӣ бо ҷушӯ хурӯш идома доранд ва то баргузории ҷашн пурра иҷро хоҳанд шуд. Яъне, ин Паём хоса ва таърихӣ хоҳад буд. Аз ин рӯ, қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

Раҳматулло ҲОШИМОВ – сароянда, Ҳофизи халқии Тоҷикистон: - Мо, аҳли санъату фарҳанги тоҷик аз он ифтихор мекунем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи санъату фарҳанги касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ин анъана боз ҳам идома ёфт. Солҳои охир вобаста ба ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат соҳаи зикргардида хеле рушд ёфту муҷаҳҳаз гардид, шароити созгор барои санъаткорон фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, як гурӯҳ ҷавонони истеъдодманд ба саҳнаи ҳунар омаданд, ки соҳа аз онҳо умеди калон дорад. Анъанаи «устод – шогирд» ба миён омад. Ин собитгари он аст, ки таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба соҳа бевосита аз тарафи Роҳбари давлат як навъ давоми мантиқии таваҷҷуҳи ниёгонамон ба ин соҳа мебошад. Дигар андешаву пешниҳодҳои Роҳбари давлатамон ҳама танҳо ба хотири ояндаи дурахшони сокинони ин марзу бум нигаронида шудааст.

Қурбони СОБИР – актёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон: - Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мешавад, марҳилаи тозаеро дар таърихи кишвар ифтитоҳ мебахшад. Дар ҳар Паёми Сарвари ҷумҳурӣ муҳимтарин рухдодҳои соли сипаришаванда таъкиду баррасӣ ва арзишдоварӣ шуда, ҳадафу мақсадҳо барои соли навин муайян мегарданду тавзеҳ дода мешаванд. Паёми навбатии Пешвои миллат боз ҳам хеле пурмуҳтавою фарогир буд ва воқеияти замону моҳияту аҳамияти ҳаводиси гуногунро, ки дар ҳаёти мамлакат ба вуқӯъ пайвастанд, чун оина равшану возеҳ инъикос намуд. Таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба соҳаи фарҳангу санъат мо, аҳли ҳунарро водор менамояд, ки ҳар кадомамон дар самти фаъолияти худ пешсаф бошем.

Муҳаррама ШАРИФОВА – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон: - Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори таваҷҷуҳ ба соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳамчунин, ба мавзӯи фарҳангу санъат низ аҳаммияти ҷиддӣ дода шуд, ки ин боиси ифтихору сарбаландии мо, аҳли санъат аст. Эълон шудани солҳои 2019 – 2021 (дар Паёми соли гузашта) Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бешак барои боз ҳам пешрафту тараққии Тоҷикистон, ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намудани фарҳангу анъанаҳои неки сокинони кишварамон, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва оби ошомиданӣ ва махсусан, дар деҳот, таъмири босифати роҳҳо ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард. Акнун мо, санъаткорон, бояд вассофи ҳамаи ободкориҳои ватанамон бошем. Барои мардум эҷод кунем, дар тантанаҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ бо сари баланду ифтихори ватандорӣ аз музаффариятҳои рӯзафзун бисароем.

Абдумуъмин ШАРИФӢ – актёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон: - Паём як навъ бозгӯи комёбиҳои соли сипаришуда ва банақшагирии фаъолияти минбаъдаи давлату Ҳукумат, ҳар як фарди Тоҷикистон ба шумор меравад. Кас ба ободкориҳо нигариста, аз он хушҳолӣ ва изҳори қаноатмандӣ мекунад, ки ҳаёти осоиштаву рӯзгори хушу хурраму босаодат дорем.

Дар Паём нисбат ба аҳли ҳунар ва санъати тоҷик суханони хайрхоҳона ироа гардид. Албатта, чунин таваҷҷуҳ моро далолат бар он мекунад, ки боз ҳам дар касби худ ҷиддӣ ва серталаб бошем. Зеро рисолати мо тарбияи инсонҳост ва ин чандон кори саҳлу осон ҳам нест. Аҳли ҳунар ба он боваранд, ки дар чанд муддати дигар соҳиби театри миллӣ гардида, дар пешрафт ва гулгулшукуфии ин меҳани гулбасар саҳми муносиб мегузоранд. Паёми навбатӣ як навъ раҳнамоест, ки ташаккули ояндаи кулли соҳаҳо, аз ҷумла санъати театрии ҷумҳуриамонро муайян мегардонад.

Усмоналӣ РАҲМАТОВ - сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон: - Ҷойи шаку шубҳа нест, ки мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ орем ва дар қалби фарзандонамон меҳри Ватан, китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунонем. Ин нукта дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид. Воқеан ҳам, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.

Бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонем. Мо, санъаткорон, бо шеъру суруд, оҳангҳои ҷаззоб ва рассомон бо сеҳри қаламашон, ҳунармандони театру кино бо образофариҳои бемонанди худ фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ карда тавонем. Ин вазифаи ҷонии ҳар як сокини кишвар низ бояд бошад.

Некқадам ШОНАЗАРОВ – Ҳунарпешаи Театри давлатии русии ба номи В. Маяковский: - Боиси сарфарозист, ки дар Паёми соли гузаштаашон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои 2019 – 2021 – ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Як ҳадафи асосӣ аз ин тадбир таъмини шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз мебошад. Ин дафъа низ бо ёдоварӣ аз ин сана хеле муҳим таъкид гардид, ки ин соҳа бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёбад. Зеро сайёҳӣ аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари Давлат дар Паём бори дигар хотирнишон сохтанд, ки барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандӣ низ татбиқ гардидаанд.

Мо, аҳли санъат низ бояд дар пешравии Ватани биҳиштосоямон саҳми худро гузорем. На танҳо ҳунармандон, балки ҳамаи шаҳрвандони кишвар (новобаста ба касбу кор) бояд маҳалла, коргоҳ ва хонаи худро дар ҳолати тозаву озода нигоҳ дорем. Мардуми шарафманди тоҷикро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, сидқан ба ободониву созандагӣ машғул шаванд.

Баҳодур ДАВЛАТЗОДА – директори Коллеҷи фарҳанги ба номи Аҳмад Бобоқулов: - Дар Паёме, ки ҳамасола аз тарафи Роҳбари Давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, муҳимтарин самтҳои сиёсати мамлакат баррасӣ мешаванд. Дар Паёми соли гузашта Пешвои миллат таъкид намуда буданд, ки: «Ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг мо бояд ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем». Ва дар робита ба ин, дар мамлакат озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» ташкил гардид, ки минбаъд ҳамасола идома меёбад. Боиси ифтихор аст, ки шогирдони коллеҷи мо низ дар ин озмун иштироки фаъолона доштанд.

Дар ҳар Паём навигарӣ ва ташаббусҳои нек роҳандозӣ мегардад, ки амалӣ шудани онҳо боиси рушди кишварамон мешавад. Фикр мекунам, ки дар қатори дигарон фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшанд. Бо ин восита онҳо рисолати сиёсиву фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро менамоянд.

Таҳияи Ҳотами ҲОМИД

Паёми Пешво - рањнамо
сўйи комёбињо

Андешањои ањли њунари кишвар дар атрофи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон

 

Описание: F:\Док  диск  Е\Рабочий стол\Бахори Ачам 2 2021\Шерали абдукайс.jpg

Шералї АБДУЛЌАЙСОВ – актёр, Њунарпешаи халќии Тољикистон:

- Паёми имсолаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї      Рањмон имсол низ чун солњои пешин пурмуњтаво буда, оид ба масъалањои муњимми замони муосири кишвар бахшида шуд. Воќеан њам, рўйдодњои махсусан муњим ва мондагору таъсиргузор марњилањои зиндагии моро муайян мекунанд. Хушбахтона, дар рўзгори халќи шарафманди тољик воќеањои хушоянду муосиру марњиласоз, махсусан, дар тўли солњои охир хеле зиёд ба вуќўъ мепайванданд, ки ин аз пешрафту рушди пайвастаи њаёти ањли мамлакат дарак медињад. Роњбари мамлакатамон дар Паёми хеш кулли соњањои љомеаро мавриди тањлилу баррасї ќарор дода, доир ба пешрафт ва нашъунумўи онњо ибрози андеша намуданд. Ин аз он шањодат медињад, ки тамоми самтњои тараќќиёти љомеа зери назари Пешвои миллат арзёбї шуда, барои таќвият ёфтани онњо чораандешї карда мешаванд. Чунин муносибати хайрхоњона чун дигар Паёмњои ќаблї низ баръало эњсос шуд, ки фикр мекунам, боиси шодмонии њар фарди тољик гардид.

 

Описание: F:\Док  диск  Е\Рабочий стол\Бахори Ачам 2 2021\Курбонали рахмонов.jpg

 

Ќурбоналї Рањмонов
Њунарпешаи халќии
Тољикистон:

- Паёми имсолаи Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон имсол дар арафаи љашни 30 – солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ироа гардид ва ин фоли нек аст. Зеро вобаста ба љашни бузурги миллат аллакай корњои бунёдкориву созандагї бо љушў хурўш идома доранд ва то баргузории љашн пурра иљро хоњанд шуд. Яъне, ин Паём хоса ва таърихї хоњад буд. Аз ин рў, ќарзи имонї ва вазифаи виљдониву инсонии њар яки мост, ки истиќлолу озодии давлати тољиконро чун неъмати муќаддаси њаётамон гиромї дорем ва барои њимояи он њамеша омода бошем.

 

 

 

Описание: F:\Док  диск  Е\Рабочий стол\Бахори Ачам 2 2021\Рахматулло Хошимов.jpgРањматулло ЊОШИМОВ – сароянда, Њофизи халќии Тољикистон:

- Мо, ањли санъату фарњанги тољик аз он ифтихор мекунем, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, муњтарам            Эмомалї Рањмон ба масъалаи санъату фарњанги касбї таваљљуњи махсус зоњир менамоянд. Дар Паёми навбатии            Пешвои миллат ин анъана боз њам идома ёфт.

Солњои охир вобаста ба ѓамхорињои рўзафзуни Пешвои миллат соњаи зикргардида хеле рушд ёфту муљањњаз гардид, шароити созгор барои санъаткорон фароњам оварда шуд. Аз љумла, як гурўњ љавонони истеъдодманд ба сањнаи њунар омаданд, ки соња аз онњо умеди калон дорад. Анъанаи «устод – шогирд» ба миён омад. Ин собитгари он аст, ки таваљљуњи њамешагї ба соња бевосита аз тарафи Роњбари давлат як навъ давоми мантиќии таваљљуњи ниёгонамон ба ин соња мебошад. Дигар андешаву пешнињодњои Роњбари давлатамон њама танњо ба хотири ояндаи дурахшони сокинони ин марзу бум нигаронида шудааст.

 

 

 

 

Описание: F:\Док  диск  Е\Рабочий стол\Бахори Ачам 2 2021\курбони собир.jpgЌурбони СОБИР – актёр, Њунарпешаи халќии
Тољикистон:

- Њамасола Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї        Рањмон, ки ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ироа мешавад, марњилаи тозаеро дар таърихи кишвар ифтитоњ мебахшад. Дар њар Паёми Сарвари љумњурї муњимтарин рухдодњои соли сипаришаванда таъкиду баррасї ва арзишдоварї шуда, њадафу маќсадњо барои соли навин муайян мегарданду тавзењ дода мешаванд. Паёми навбатии Пешвои миллат боз њам хеле пурмуњтавою фарогир буд ва воќеияти замону моњияту ањамияти њаводиси гуногунро, ки дар њаёти мамлакат ба вуќўъ пайвастанд, чун оина равшану возењ инъикос намуд. Таваљљуњи Роњбари давлат ба соњаи фарњангу санъат мо, ањли њунарро водор менамояд, ки њар кадомамон дар самти фаъолияти худ пешсаф бошем.

 

 

 

 

Описание: F:\Док  диск  Е\Рабочий стол\Бахори Ачам 2 2021\мухаррама шарифова.jpg

 

Муњаррама ШАРИФОВА – сароянда, Њунарпешаи шоистаи Тољикистон:

- Дар Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї -              Пешвои миллат, муњтарам         Эмомалї Рањмон дар ќатори таваљљуњ ба соњањои сиёсї, иќтисодї, иљтимої, њамчунин, ба мавзўи фарњангу санъат низ ањаммияти љиддї дода шуд, ки ин боиси ифтихору сарбаландии мо, ањли санъат аст. Эълон шудани солњои 2019 – 2021 (дар Паёми соли гузашта) Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї, бешак барои боз њам пешрафту тараќќии Тољикистон, ба љањониён бештар муаррифї намудани фарњангу анъанањои неки сокинони кишварамон, таъмини ањолї бо љойи кор ва оби ошомиданї ва махсусан, дар дењот, таъмири босифати роњњо ва баланд бардоштани дараљаи некуањволии мардум мусоидат хоњад кард. Акнун мо, санъаткорон, бояд вассофи њамаи ободкорињои ватанамон бошем. Барои мардум эљод кунем, дар тантанањои минбаъдаи љумњурї бо сари баланду ифтихори ватандорї аз музаффариятњои рўзафзун бисароем. 

Описание: F:\Док  диск  Е\Рабочий стол\Бахори Ачам 2 2021\А.Шарифи.jpg

 

Абдумуъмин ШАРИФЇ – актёр, Њунарпешаи
шоистаи Тољикистон:

- Паём як навъ бозгўи комёбињои соли сипаришуда ва банаќшагирии фаъолияти минбаъдаи давлату Њукумат, њар як фарди Тољикистон ба шумор меравад. Кас ба ободкорињо нигариста, аз он хушњолї ва изњори ќаноатмандї мекунад, ки њаёти осоиштаву рўзгори хушу хурраму босаодат дорем.

Дар Паём нисбат ба ањли њунар ва санъати тољик суханони хайрхоњона ироа гардид. Албатта, чунин таваљљуњ моро далолат бар он мекунад, ки боз њам дар касби худ љиддї ва серталаб бошем. Зеро рисолати мо тарбияи инсонњост ва ин чандон кори сањлу осон њам нест. Ањли њунар ба он боваранд, ки дар чанд муддати дигар соњиби театри миллї гардида, дар пешрафт ва гулгулшукуфии ин мењани гулбасар сањми муносиб мегузоранд. Паёми навбатї як навъ рањнамоест, ки ташаккули ояндаи кулли соњањо, аз љумла санъати театрии љумњуриамонро муайян мегардонад.  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Описание: F:\Док  диск  Е\Рабочий стол\Бахори Ачам 2 2021\Усмонали рахматов.jpg

Усмоналї РАЊМАТОВ -
сароянда, Њунарпешаи шоистаи Тољикистон:

- Љойи шаку шубња нест, ки мо миллати фарњангї, тамаддунсоз ва аз насли ориёї буда, бояд ба таърихи гузаштаамон њарчи бештар рў орем ва дар ќалби фарзандонамон мењри Ватан, китобхонї ва љустуљўи илму донишро љой кунонем. Ин нукта дар Паёми Пешвои      миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї таъкид гардид. Воќеан њам, њифз ва рушди фарњанги миллї бо дарназардошти завќи наслњои имрўза аз муњимтарин вазифањои мо дар замони муосир ба њисоб меравад.

Бояд фарњангї будани миллати худро ба љањониён муаррифї карда тавонем. Мо, санъаткорон, бо шеъру суруд, оњангњои љаззоб ва рассомон бо сењри ќаламашон, њунармандони театру кино бо образофарињои бемонанди худ фарњангї будани миллати худро ба љањониён бештар муаррифї карда тавонем. Ин вазифаи љонии њар як сокини кишвар низ бояд бошад.

 

 

 

Описание: F:\Док  диск  Е\Рабочий стол\Бахори Ачам 2 2021\Некдам шоназаров.jpgНекќадам ШОНАЗАРОВ – Њунарпешаи Театри
давлатии русии ба номи
В. Маяковский:

- Боиси сарфарозист, ки дар Паёми соли гузаштаашон          Пешвои миллат, муњтарам    Эмомалї Рањмон Солњои 2019 – 2021 – ро Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї эълон намуданд. Як њадафи асосї аз ин тадбир таъмини шукуфоии бештари Тољикистони азиз мебошад. Ин дафъа низ бо ёдоварї аз ин сана хеле муњим таъкид гардид, ки ин соња бояд дар Љумњурии Тољикистон рушд ёбад. Зеро сайёњї аз соњањои муњимми бо шуѓл фаро гирифтани ањолии ќобили мењнат, баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум, рушди дигар соњањои хизматрасониву истењсолї, инчунин, муаррифии таъриху фарњанг, табиат ва анъанањои миллї ба њисоб меравад.

Сарвари Давлат дар Паём бори дигар хотирнишон сохтанд, ки барои рушди ин соња дар кишвар њамаи заминањои зарурии меъёрию њуќуќї фароњам оварда шудаанд. Илова бар ин, як силсила чорањои њавасмандї низ татбиќ гардидаанд.

Мо, ањли санъат низ бояд дар пешравии Ватани бињиштосоямон сањми худро гузорем. На танњо њунармандон, балки њамаи шањрвандони кишвар (новобаста ба касбу кор) бояд мањалла, коргоњ ва хонаи худро дар њолати тозаву озода нигоњ дорем. Мардуми шарафманди тољикро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро сармашќи кори худ намуда, сидќан ба ободониву созандагї машѓул шаванд.

Описание: F:\Док  диск  Е\Рабочий стол\Бахори Ачам 2 2021\Баходур давлатзода.jpg

 

Бањодур Давлатзода
директори Коллељи фарњанги ба номи Ањмад Бобоќулов:

- Дар Паёме, ки њамасола аз тарафи Роњбари Давлат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї ироа мегардад, муњимтарин самтњои сиёсати мамлакат баррасї мешаванд. Дар Паёми соли гузашта Пешвои миллат таъкид намуда буданд, ки: «Љињати таъмин намудани рушди устувори муассисањои фарњанг мо бояд ба таљдиди инфрасохтор, тањкими пояњои моддиву техникї ва тарбияи кадрњои соња, мусоидат ба раванди ташаккули эљодиёти халќ, истифодаи самарабахши нерўи фарњангї ва маънавии миллат таваљљуњи бештар зоњир кунем». Ва дар робита ба ин, дар мамлакат озмуни љумњуриявии «Тољикистон – Ватани азизи ман!» ташкил гардид, ки минбаъд њамасола идома меёбад. Боиси ифтихор аст, ки шогирдони коллељи мо низ дар ин озмун иштироки фаъолона доштанд.

Дар њар Паём навигарї ва ташаббусњои нек роњандозї мегардад, ки амалї шудани онњо боиси рушди кишварамон мешавад. Фикр мекунам, ки дар ќатори дигарон фарњангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фањмондадињии моњияти равандњои муосир миёни љомеа корњои тарѓиботиро таќвият бахшанд. Бо ин восита онњо рисолати сиёсиву фарњангии худро дар назди халќу Ватан содиќона иљро менамоянд.

 

Тањияи
Њотами ЊОМИД