Сомонаи пешина | Сш, 20 Апрел 2021 / 09:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Коллеҷи фарҳанг таҷлили ҷашни Садаро шукӯҳи хоса бахшиданд

Таҷлили ҷашни Сада яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузаштаи миллат аст. Шукргузорӣ аз он мекунем, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада пуршукӯҳу хотирмон таҷлил мешавад, ки он боиси таваҷҷуҳи мардум ба гузаштаи басо бою рангини илмию фарҳангӣ ва маънавии аҷдодонамон мегардад.

Санаи 28 янавари соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷашни Сада ба таври пуршукӯҳ таҷлил гардид, ки дар он аз тарафи идораву муассисаҳо ва кишоварзони ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои меҳнатӣ ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, гӯшаи алоҳидаеро ба Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов вогузор намуда буданд, ки устодон ва донишҷӯён бо роҳбарии директори муассиса Разоқов Салоҳиддин гӯшаи дар ихтиёрдоштаашонро ба таври хоса оростанд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз намоишгоҳ дидан карда, дар рафти он ба маъмурияти Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов барои саҳми бузург гузоштан дар таҷлили ҷашни Сада изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҷамъомади идонаро барномаи театрикунонидашудаи кормандони шӯъбаи фарҳанги ноҳия ва устодону донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” шукӯҳи тоза бахшиданд.