Сомонаи пешина | Пш, 06 Мая 2021 / 23:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Абдуқаҳҳори Қосим академики Академияи байналмилалии адабиёти Русия интихоб шуд

Бо Қарори Президиуми Академияи байналмилалии адабиёти Рус аз санаи 28.01.2021, №114 Абдуқаҳҳори Қосим академики ин ташкилоти адабӣ интихоб гардид. Сарварии академияро гранд-академики Академияи Аврупоии адабиёти Рус, докторои илмҳои фалсафа, профессор ва шоир Григорий Борисович Осипов бар уҳда дорад.

Абдуқаҳҳори Қосим айни ҳол дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад ва ният дорад бо ашъораш дар ҷашнҳои 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода саҳми арзанда гузорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 шеъри «Бешаи анбӯҳи андеша»-и шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дар «Озмуни телевизионии шеъри рӯзномаҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Пекини Чин баргузор гардид, таҳти унвони «Ғолибони барҷаста» («The Outstanding Winners») соҳиби Шоҳҷоизаи озмун гардид. Инчунин дар 30-юмин солгарди Фестивали адабии байналмилалии Меделин, ки ба таври онлайн дар шаҳри Меделини Колумбия баргузор гардид ва дар он 40-умин солгарди таъсиси мукофоти алтернативии Нобел низ ҷашн гирифта шуд, бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд.