Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳамкориҳои муштараки фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб

28.04.21.226 апрели соли 2021 мулоқоти фосилавӣ (онлайнӣ) миёни Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо Вазири фарҳанг ва ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб Нура ал-Каъбӣ доир гардид.

Тарафҳо дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи самтҳои ҳамкориҳои фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид карданд, ки ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз пеш рушду нумӯ ёфта истодаанд, ки ин аз заҳмату талошҳои роҳбарияти олии ҳар ду кишвар дарак медиҳад.

Дар рафти мулоқот Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки “Дар соли 2020 мебоист Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардад, вале бинобар сабаби паҳн гаштани бемории сироятии коронавирус мавқуф гузошта шуд ва имрӯзҳо ин масъала дар Ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта истодааст. Дар сурати баррасӣ ният аст, ки моҳи декабри ҳамин сол Рӯзҳои фарҳангиро баргузор намоем”.

Вазири фарҳанг ва ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб Нура ал-Каъбӣ дар суханронии хеш аз фарҳанги муштараки Амороту Тоҷикистон ибрози ақида намуда, аз рушду инкишофи ҳамкориҳои фарҳангӣ, рафтуомади сайёҳони кишварашон ба Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ ибрози ақида намуд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки тарафҳо лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Аморотро баррасӣ ва бо роҳҳои дипломатӣ ба ҳар ду ҷониб ирсол хоҳанд кард.

24.04.21.4

28.04.21.3