Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Роҳнамои ношир (маводи роҳбарикунанда)

03.05.21Муассисаи нашриявии “Ирфон” китоби “Роҳнамои ношир”- и мураттиб-таҳиягар Ғуломзода Қурбон Ғулом ва муҳарирон Рабиев Саидмурод, Назаров Эгамназарро дар ҳаҷми 280 саҳифа ба чоп расонд.

Мундариҷаи китоб аз пешгуфтор, сохтори МН “Ирфон”, оинномаи МН “Ирфон”, низомномаҳо, дастурамалҳои вазифавӣ, тақсимоти вазифаҳои иловагӣ тибқи дастурамали мансабии кормандон, низомномаи рақами ISBN ва тамғаи МН “Ирфон”, намунаи шартномаи тамға, қоидаҳои тарғиботи дохилии меҳнатӣ, рӯйхати китобҳо ва мусоҳибаҳо иборат мебошад.

Дар дастури мазкур ҳуҷҷатҳои зарурии Муассисаи нашриявии “Ирфон” гирдоварӣ шудаанд, ки барои пешбурди фаъолияти муассиса ва дигар муассисаҳои нашриявӣ мусоидат хоҳад кард.