Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баромади навбатии мутрибони муассисаҳои консертию таълимии Вазорати фарҳанг дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ш. Душанбе

03.05.21.8Бо ташаббус ва ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 1 ва 2 майи соли равон, дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе баромади мутрибони муассисаҳои консертию таълимии Вазорат идома ёфт.

Дар Боғи фарҳангу фароғатии “Устод Рӯдакӣ” мутрибони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода барномаи ҳунарии хубу диданиро баҳри тамошобинону меҳмонони пойтахт пешкаш намуданд.

Донишҷӯёни шуъбаҳои “Созҳои нафасӣ ва зарбии оркестрӣ”, “Созҳои торӣ-камонии оркестрӣ” ва “Санъати эстрада”-и Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов дар Боғи “Парчами миллӣ” баромади мутрибонро баргузор намуд, ки басо диданию шуниданӣ ба назар мерасид.

1 май дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ мутрибони навраси Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев, 2 май бошад, масъулин ва толибилмони шуъбаи созҳои миллии Мактаб-интернати махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ баҳри фароғати сокинону меҳмонони пойтахт аз асарҳои оҳангсозони ватанӣ барномаҳои мусиқиро иҷро намуданд.

Дар Боғи фарҳангу фароғатии “Куруши Кабир” рӯзҳои 1 ва 2 май донишҷӯёни Консерватории миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо як барномаи зебою рангин баромад намуданд.

Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев дар Боғи фарҳангу фароғатии “Ирам” рӯзи 1 май баромади ансамбли фолклорӣ-этнографии “Ганҷина”-ро пешкаши тамошобинону меҳмонони пойтахт гардонид.

Ҳунарнамоии мутрибони муассисаҳои консертию таълимии Вазорати фарҳанг дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт бо як маҳорати хоса ва басо ҷолибу диданӣ пешкаши меҳмонону шаҳрвандон гардид.

03.05.21.9 103.05.21.9 203.05.21.9 3