Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Экстремизм ва терроризм-хатарҳои байналмилалист

03.05.21.10Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандиву ватандӯстӣ, фазилатҳои неки инсонӣ ва соҳиби илму ҳунар ва касбу пешаҳои муфид гардидани ҷавонон шароити мусоидро фароҳам овардааст. Мутассифона, дар ҷаҳони муосир омилҳои хатарноку фаромиллие вуҷуд доранд, ки метавонанд ҷавонон-ин қувваи бузургро аз шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ берун кашида, ба қувваҳои зиёнкору бадиҳо бипайванданд.

Яке аз чунин омилҳо ин гаравидан ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундгарову экстремистӣ мебошад. Вобаста ба ин кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ” дар шаҳри Кӯлоб, дар ҳамкорӣ бо афсарони Коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ-и шаҳри Кӯлоб конфронси илмӣ-адабиро дар мавзӯи “Сабаб ва омилҳои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ» баргузор намуданд.

Конфронсро бо сухани ифтитофӣ директори Муассиса Обидзода Саймуҳаммад Рустам кушода, аз ҷумла чунин қайд намуд: “Ифротгароиву хурофотпарастӣ солҳои охир дар ҷомеа, махсусан дар байни насли ҷавон ба як бемории сирояткунандае табдил ёфтааст ва бояд дар табобати он тамоми равшанфикрони ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳанд. Месазад, ки имрӯз мо ҷавононро дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намуда, ба кору амалҳои нек ҷалб намоем”.

Ҳамзамон, дар кори конфронс намояндаи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза, имомхатиби масҷиди ҷомеъи ҷамоати деҳоти Даҳана Ғуломов Рузихон баромад намуда, таъкид намуданд, ки ҷавононро лозим аст, ки аз имконияту шароитҳои хуби имрӯза истифода бурда, дониш омӯзанд ва саҳмашонро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ботаҳаммул бошанд, зеро таҷрибаи бойи ниёгони мо нишон додааст, ки инсонҳои таҳаммулпазир ба ҳадафҳояшон мерасанд”.

Ҷавонони имрӯзаро мебояд, ки ба қадри соҳибистиқлолии кишвари азизамон расида, суботи комили ҷомеаро, ки бо ҷонбозиҳои зиёд ба даст омадааст, ҳифз намоянд. Дар зиндагӣ ҳамеша серҳаракат бошанд, илм ҷӯянд, дониш омӯзанд, то ба қуллаҳои баланди зиндагӣ бирасанд.

Абдулҳакимзода Саодат
корманди китобхона