Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 08:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конференсияи “Эҷодиёт ва рушд”

03.05.21.11Зери ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишкада оид ба таълим, доктори илмҳои таърих Иброҳимов Муродалӣ кушода, зикр намуд, ки “Ҳарчанд конференсияҳои илмӣ дар донишкадаи мо зиёд баргузор мегарданд, вале конференсияи апрелӣ чорабинии муҳими анъанавист ва моҳи апрелро моҳи илм номидаанд. Зеро дар ин моҳ тибқи пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳуриамон конференсияҳои илмӣ барпо карда мешаванд. Аҳамияти баргузории ин конференсияҳо дар он аст, ки олимон ва ҳам унвонҷӯён аз дастоварду пешрафтҳо ва самти фаъолияти илмии ҳамдигар бохабар шуда, шавқу рағбати донишҷӯён бо шунидани маърӯзаҳои илмӣ дар ин чорабиниҳо меафзояд”.

Сипас, тибқи барнома иштирокчиёни конференсия маърӯзаҳои илмии С. Усмонов “Аҳамияти ҳунарҳои мардумӣ дар тарбияи худшиносии миллӣ”, Пиров Т.М. “Назаре ба ранганигории рӯйи об”, Эмомов Ф. “Саҳми Нуъмон Неъматов дар омӯзиши санъати кулолгарии замони Сомониён”- ро шуниданд.

Ҳамин тариқ, дар конференсия зиёда аз 50 маърӯзаи илмӣ шунида шуд.