Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муҳокимаи масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон

Рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон чор масъалаи асосӣ – ҳисоботи раисони комиссияҳои аттестатсионии хатм ва фанҳои тахассусӣ Додхудоева Л., Мамадҷонова С., Муқимов Р., маълумоти мудири шуъбаи илм ва корҳои эҷодии донишкада Қобилова М. дар бораи натиҷаи конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Эҷодиёт ва рушд”, ахбороти мудирони кафедраҳои забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Усмонов С., ҳисоботи мудири кафедраи санъатшиносӣ Сайфуллоева Ш. дар бораи фаъолияти кафедраи санъатшиносӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима ва таҳлил қарор дода шуда, аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.