Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории чорабинии «Шабе дар Осорхона»

muzei-tadzhikistanaБо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии ИДМ” ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, 18-майи соли 2021, аз соати 18 то 23-00, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” маротибаи 8-ум иқдомоти байналмилии “Шабе дар Осорхона”-ро баргузор менамояд.

Ташкилкунандагони чорабинии мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд.

Чорабинии «Шабе дар Осорхона» - иқдомоти байналмилалӣ буда, ҳадаф аз он инъикоси ғамхории давлат нисбати фароғати шаҳрвандон, мусоидат ҷиҳати нақшбандии осорхона дар зеҳни тамошобинон ҳамчун макони фарҳангӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба тамошои осорхона буда, айни замон 120 кишвари олам ва 30 000 осорхонаҳо ҳамасола ин чорабиниро таҷлил менамоянд.

Ба фарқият аз солҳои гузашта, иқдомоти навбати “Шабе дар Осорхона” фарогири 30 чорабинии мӯҳташами фарҳангӣ буда, кумитаи тадорукот фароғати фарҳангии тамоми гуруҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеъаро ба эътибор гирифтааст.

Иштироки тамошобинон дар тамоми маҳфилҳои чорабинӣ тариқи ройгон аст.