Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 08:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Созмони Шанхай»- даргоҳи бовариву эътимод

shaСозмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) созмони доимоамалкунандаи байниҳукуматии байналхалқӣ мебошад, ки оиди созмон додани он 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) аз тарафи Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон эълон шуда буд. Пеш аз ин созмон механизми «Панҷгонаи Шанхай» фаъолият дошт. Сарони давлатҳои номбурда 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай Эъломияро оиди «Созмони Ҳамкории Шанхай» имзо намуданд. Дар ин Эъломия мақсадҳои асосии СҲШ муайян шудааст. Ба мақсадҳои асосии Созмони Ҳамкории Шанхай дохил мешаванд:

- Мустаҳкамнамоии боварӣ ва муносибатҳои дӯстона миёни мамлакатҳои иштирокчӣ;
- Мусоидат намудан ба ҳамкории самараноки онҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорат ва иқтисодиёт, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист ва ғ;
- Таъмин ва дастгирии муштараки сулҳ, бехатарӣ ва мӯътадилӣ дар минтақа; - Ҳаракат ба сӯи тартиботи нави демократӣ, ҳақиқатпарастӣ ва самараноки байналхалқии сиёсӣ ва иқтисодӣ;
- Танзим намудани усулҳо дар ҳамгироӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
- Ҷустуҷӯи якҷояи ҳалли проблемаҳое, ки дар асри 21 ба вуқуъ меоянд.

Ташаккулёбии Панҷгонаи Шанхай яке аз воқеаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, мақсади аввалиндараҷаи мамлакатҳои аъзои «панҷгона» ин ҳаллу фасли баҳсҳои ҳудудӣ ба шумор мерафт. Ин проблемаҳо кӯҳна буданд ва аз ҳамин сабаб онро набояд дар ҳазорсолаи нав мекашиданд. Ба сифати воситаи асосии ҳалли баҳсҳо ин самаранок истифода бурдани мақомотҳои байниҳукуматӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, «панҷгона» ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ мутобиқи Созишнома, ки аз тарафи сарони мамлакатҳои аъзо 26 апрели соли 1996 дар саммити якуми ин иттиҳодия дар шаҳри Шанхай имзо шуд, таъсис ёфт. Аз ҳаминҷо ин иттиҳодия номи худро пайдо кард. Дар ассоси ҳамин Созишнома, ки ҳамчун ҳуҷҷати асосии иттиҳодия ба ҳисоб меравад, як сол баъдтар Созишнома оиди кам кардани Қушунҳои назди сарҳадӣ имзо шуд. Аз ин ҷо сар карда саммити расмии сарони мамлакатҳои аъзо ҳар сол баргузор мегардад. Дар шаҳри Бишкек 25 апрели соли 1999 саммити чоруми сарони давлатҳои аъзо баргузор гардид. Ҳамчун анъана дар ин саммит тамоюли инкишофи иқтисодиёти ҷаҳон баҳо дода шуд. Дар саммити Бишкек, инчунин, вохӯриҳоро дар сатҳи на танҳо вазирони корҳои хориҷӣ, балки дар сатҳи вазирони мудофиа, сарварони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва инчунин ҳамкории зичи иқтисодӣ миёни ин панҷ мамлакат низ дида баромаданд.

Дар маҷмӯъ, дар давоми панҷ сол «Панҷгонаи Шанхай» нишон дод, ки аз ӯҳдаи корҳои дар назди он вогузошта мебарояд.

Дар муносибатҳои дохили созмон вобаста аз «Рӯҳияи Шанхай» давлатҳои аъзои СҲШ принсипҳои боварии тарафайн, фоидаи тарафайн, баробарҳуқуқӣ, машварати тарафайн, пазироии гуногуншаклии фарҳанг ва кӯшиш ба тараққиёти якҷоя ва дар робитаҳои беруна риоя намудани принсипи иттиҳод набастан ва равона нашудан бар зидди ягон шахс ё кушодагиро истифода мебаранд.

Мақомоти олӣ барои қабул намудани қарор дар СҲШ Шӯрои сарони давлатҳои аъзо ба шумор рафта, як маротиба дар як сол ҷамъ мешавад ва қарор ва фармонҳоро нисбати тамоми масъалаҳои муҳими созмон қабул мекунад. Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай як маротиба дар як сол барои таҳлили стартегияи ҳамкории бисёртарафа ва самтҳои афзалиятнок дар доираи созмон, ҳалли масъалаҳои тақдирсоз ва аҳамиятноки ҳамкории иқтисодӣ ва тасдиқи буҷаи ҳарсолаи созмон ҷамъ мешавад.

Fайр аз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо механизми вохӯриҳои ҳарсола дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисодиёт, нақлиёт, фарҳанг, мудофиа, бехатарӣ, прокурорҳои генералӣ инчунин роҳбарони мақомотҳои марзбонӣ ва ҳолатҳои фавқулодда амал мекунанд. Механизми мувофиқатсозӣ бошад дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай Шӯрои танзимкунандагони миллии давлатҳои аъзои СҲШ мебошад.

Созмони Ҳамкории Шанхай дорои ду мақомоти доимоамалкунада мебошад – Котибот дар Пекин, Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ дар шаҳри Тошканд. Котиби иҷроия ва Директори кумитаи иҷроия аз тарафи Шӯрои сарони давлатҳо ба муддати се сол таъин карда мешаванд.

Нақшаи актуаликунонидашуда барои иҷроиши барномаи «Ҳамкориҳои бисёртарафаи иқтисодӣ - тиҷоратии мамлакатхои аъзои СҲШ» соҳаҳои муҳимтарини иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарии ҳамкориҳои шаш мамлакатро фаро мегирад ва 85 намуд чорабиниҳои аниқро дар самтҳои гуногун дар бар мегирад, аз ҷумла тиҷорат ва сармоягузориҳо, соҳаи гумрук, регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва амалиётҳои баҳодиҳии мувофиқатӣ, соҳаҳои молия ва андоз, нақлиёт, комплекси агросаноатӣ, илм ва технологияи нав, технологияҳои информатсионӣ ва телекомуникатсионӣ, истифодабарии табиат ва муҳофизати муҳити атроф.

Ҳудуди умумии давлатҳои азъои CҲШ ба 30,2 млн. километри мураббаъ баробар мебошад, ки ин 3/5 ҳиссаи ҳудуди Евразияро ташкил дода, аҳолиаш 1,5 млрд. ё ин ки 1/4 ҳиссаи аҳолии тамоми кураи заминро ташкил медиҳад.

Ҷалбнокии Созмони Ҳамкории Шанхай бо он асоснок карда шудааст, ки вай мамлакатҳоеро муттаҳид месозад, ки онҳо кӯшишҳои зиёд барои гирифтани пеши роҳи экстремизм ва терроризм ва дигар хатарҳои ба бехатарии минтақавӣ ва мӯътадилӣ таҳдид карда истодаанд ба харҷ медиҳанд ва роҳи тараққиёти иҷтимоӣ иқтисодиро пешаи худ қарор додаанд. Ғайр аз ин дар доираи СҲШ мамлакатҳои Осиёи Марказӣ метавонанд кӯшишҳои худро бевосита ба ҳалли проблемаҳои дохилии минтақаи Осиёи Марказӣ равона созанд ва бо ин восита гуногунии дохилии онро бартараф кунанд.

Имрӯз бо кӯшишҳои муштараки Ҷумҳуриҳои Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон корҳо дар бахши созмон додани бузургтарин низоми ҳамкории минтақавӣ дар ҷаҳон рафта истодаанд. Дар баробари ин афзалиятҳои он ба монанди пештара кафолати устувории сиёсӣ, мустаҳкам намудани бехатарӣ ва васеъ намудани ҳамкории иқтисодӣ дар минтақа боқӣ мемонанд.

Тарафи дигари муҳими фаъолияти созмон ин бевосита ҳаракати муштарак барои ташаккулдиҳии бозори ягона мебошад. Дар ин самт аллакай бисёр корҳо ба сомон расонида шудаанд. Дар давраи фаъолияти худ Созмони Ҳамкории Шанхай диққати дигар мамлакатҳоро, ки шаклҳои нави ҳамгироиро дарёфт намудан мехоҳанд, ҷалб намуд. Дар байни мамлактҳои нозир Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Муғулистонро номбар намудан мумкин аст.

Проблемаи марказии фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай то ҳол ҳам мустаҳкам намудани бехатарии минтақавӣ боқӣ мемонад. Тавре маълум аст, созмон аз аввал барои дарк намудани хатарҳои аҳмиятнок барои мӯътадилии давлатҳои асосгузор ташкил шуда буд. Давлатҳои аъзои созмон ният доранд дар оянда низ заминаи меъёрию ҳуқуқии коркардашударо мукаммал гардонанд, ҳамкории тарафайни амалии мақомотҳоро мустаҳкам кунанд, ки ба зиммаи онҳо мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва яроқу аслиҳа гузошта шудааст.

Имрӯз минтақаи Осиёи Марказӣ дорои ҳамагуна имкониятҳо барои он дорад, ки дар оянда ба яке аз минтақаҳои пуриқтидори иқтисодии ҷаҳон табдил ёбад. Минтақа дорои захираҳои бузург мебошад, аз захираҳои меҳнатӣ сар карда, то захираҳои ашёи карбогидрадии аҳмияти ҷахонӣ дошта, металлҳо ва элементҳои камёб. Дар ин ҷо иқтидори бузурги зеҳнӣ марказонида шудааст, имкониятҳои зиёд барои истеҳсолоти самаранокияш баланди маҳсулоти кишоварзӣ ва якбора бозори бузург барои фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда мавҷуд мебошанд. Аллакай барномаи ҳамкории бисёртарафаи иқтисодӣ фаъолият мекунад, инчунин нақшаи комплексии воридкунии он, ки дар доираи он зиёда аз 100 лоиҳа муайян карда шудаанд ва соҳаи энергетика, нақлиёт, тиҷорат, телекоммуникатсия, экология, кишоварзӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва дигар соҳаҳоро дар бар мегиранд.

Бояд кайд кард, ки якчанд омилҳо хусусияти инкишофи Созмони Ҳамкории Шанхайро муайян мекунанд, пеш аз ҳама, ин таъсири вазъият дар Афғонистон мебошад. Дар давоми солҳои мавҷудияти муҳорибаи хориҷӣ дар ин кишвар проблемаҳо кам нашуданд. Аз ҳудуди Афғонистон то ҳол хавфҳои терроризм ва экстремизм паҳн мешаванд, гурӯҳҳои гуногуни ҷудоихоҳ амал мекунанд, гардиши зиёди маводи мухадир ҷой дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар фаъолияти як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ ва гурӯҳҳои ҳамгироӣ, ҳамчун аъзои баробарҳуқуқ ширкат меварзад.

Дар доираи ҳамкорӣ дар СҲШ шарики муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки байни давлатҳои мазкур аллакай дар соли 1993 Меморандуми муштарак оиди истифодаи принсипҳои умумии ҳамкории тарафайн ба имзо расида буд. Дар доираи он 8 Созишнома оиди ҳамкорӣ ба имзо расида буданд, аз ҷумла оиди қарзи давлатӣ барои таҳвили молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди пешниҳод намудани кӯмаки башардӯстона, оиди ҳамкории тиҷоратӣ - иқтисодӣ; оиди дастгирии тарафайн ва ҳимояи сармоягузориҳо; оиди қарзи имтиёзнок ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 100 млн. юан, оиди ҳамкорӣ дар соҳаи туризм. Бо суръати баланд ташкили корхонаҳои муштарак, аз он ҷумла «Точин-Л», «Корвон ЛТД», «Ришта» ва ғайраҳо. Дар баробари ин ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони роҳҳои автомобилгард (сохтмони роҳи Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон - Чаноқ: нақби Шаршар ва ғайра). Инчунин байни Тоҷикистону Чин аллакай роҳи автомобилгард вуҷуд дорад, ки он метавонад ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун мусоидат намояд.

Самти дигари муҳими ҳамкорӣ дар доираи CҲШ ин робита дар бахши сармоягузориҳо мебошад ва дар ин ҷо сухан дар навбати аввал дар бораи сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ меравад.

Шарики асосӣ дар бахши сармоягузории мустақим дар байни мамлакатҳои аъзои Созмон бевосита Федератсияи Россия мебошад ва ҳаҷми сармоягузориҳо сол аз сол зиёд шуда истодааст.

Дар маҷмуъ дар солҳои истиқлолият байни Тоҷикистону Россия ба ҳисоби миёна 187 корхонаи муштарак таъсис дода шудааст. Самтҳои асосии сармоягузорӣ ин пеш аз ҳама соҳаи энергетика, металлургия ва коркарди пахта мебошад.

Дар ҷои якум аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ Чин меистад. Ҳаҷми сармоягузорӣ аз ин мамлакат низ сол ба сол зиёд шуда истодааст. Шумораи корхонаи муштараки дар якҷоя бо Чин ташкил шуда, ба 70 адад мерасад. Воридшавии сармоягузории мустақими хориҷӣ аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ рӯ ба афзоиш дорад.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни 20 солагии Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки сарони давлатҳои аъзо пешбинӣ гардидааст, ки дар он тамоюли инкишофи иқтисодию сиёсии ҷаҳон ва минтақа дар оянда баҳо дода мешавад.

Умуман самтҳои ҳамкорӣ дар доираи СҲШ хеле васеъ мебошанд ва дараҷаи амалисозии онҳо пеш аз ҳама аз дараҷаи боварии тарафайни мамлакатҳои аъзо ва хоҳиши онҳо вобастагӣ дорад.

Созмони мазкур исбот намуд, ки сохтори инкишофёфта, пешрафта ва умедбахш барои ҳамкориҳои минтақавӣ шуда метавонад. Дар фаъолияти худ СҲШ метавонад ба баъзе душвориҳо ва муаммоҳо дучор ояд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда созмон хуб фаъолият карда истодааст. Бо шарофати иштироки фаъолонаи ҳамаи тарафҳо ҳамкории СҲШ дар соҳаҳои иқтисодиёт ва тиҷорат, бехатарӣ, сиёсӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дигар соҳаҳо ба натиҷаҳои дилхоҳ расидааст.

Маҳина Саидмуродова мудири шуъбаи иқсодии маҷаллаи «Тоҷикистон»