Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 08:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории “Ҳафтаи филмҳои ҷангӣ” дар толори синамои «Тоҷикфилм»

04.05.21.6Дар толори синамои “Тоҷикфилм” ба номи Тоҳир Собиров рӯзи 3 майи соли равон ҷашнвораи филмҳои ҷангӣ таҳти унвони “Аз таърихи синамои тоҷик: ба истиқболи 76 – умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)” шурӯъ шуд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов дар расми кушодашавии ҷашнвора иброз дошт, ки «Ин чорабинӣ ду ҳадаф дорад, якум ин ки ҳафтаи филмҳои тоҷикиеро, ки аз сӯи “Тоҷикфилм” тайи чандин даҳа ба навор гирифта шуда буданд, ифтитоҳ мекунад ва дуюм ин ки аз имрӯз сар карда, ба як қатор чорабиниҳое, ки аз сӯи сафорати Русия ва «Россотрудничество” дар Тоҷикистон ба истиқболи 76 – умин солгарди ғалаба бар фашизми олмонӣ ба нақша гирифта шудаанд, ҳусни оғоз мебахшад. Баргузории мизи мудаввар, гулгузорӣ сари қабри қаҳрамонони ҷанги таърихӣ ва ғайра аз ҳамин қабил чорабиниҳо мебошанд”.

Ҷашнвора аз 3 то 7 май дар толори синамои “Тоҷикфилм” ба номи Тоҳир Собиров баргузор мегардад. Шоми 3 май филми “Писари Тоҷикистон”- и коргардон Василий Пронин, аввалин филми ҳарбӣ дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ки ҳанӯз соли 1942 аз сӯи “Тоҷикфилм” бо иттифоқи “Союздетфилм” ба навор гирифта шуда буд.

Рӯзҳои оянда филмҳои "Ҳозирғоиб"– и коргардон Даниил Храбровитский (4 май), "Зане аз дуриҳо" – и коргардон Тоҳир Собиров (5 май), "Тобистони 1943"–и коргардон Маргарита Қосимова (6 май), "Дидорҳои кӯтоҳи ҷанги тӯлонӣ"– и коргардонҳо Абдусалом Раҳимов ва Станислав Чаплин ва "Ривояти зиндони Павиак"– и коргардон Суҳбат Ҳамидов (7 май) ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.