Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи нимпайкараи композитори маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ дар “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ”

05.05.214 майи соли 2021 бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, муовини вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода, раиси иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мусозода, фарзандону пайвандони устод Зиёдулло Шаҳидӣ ва дигар ҳунармандони забардасти соҳаи мусиқии касбӣ ва коршиносони соҳа маросими ифтитоҳи нимпайкараи Зиёдулло Шаҳидӣ ва барномаи ҳунарӣ аз эҷодиёти устод ва дигар оҳангсозони ватанӣ дар толори консертии Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат баромад намуда, ҳозиринро бо ин рӯзи муборак шодбош гуфт.

Ҳамчунин, Мунира Шаҳидӣ духтари композитор Зиёдулло Шаҳидӣ ба сухан баромада, барои чунин як иқдоми нек ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти мактаб-интернат миннатдории хешро баён намуд.

Сипас, раиси иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мусозода дар бораи шахсияти устод, асарҳои эҷодшуда, нақши асарҳои устод ва бобати шинохти ин асарҳо дар арсаи байналмилалӣ суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ директори мактаб Ҷасур Комилов ба ҳозирин барои иштирок ва суханронӣ миннатдорӣ баён намуд ва як барномаи ҳунарии классикӣ дар фазои озоду тантанавӣ баргузор гардид.

05.05.21.205.05.21.105.05.21.3

05.05.21.505.05.21.6