Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 08:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории конференсияи илмӣ – адабӣ зери унвони “Хотираи неки Миратулло Атоев”

05.05.21.94 майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Мактаб–интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев» бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Хотираи неки Миратулло Атоев” конференсияи илмӣ – адабӣ доир гардид.

Чорабинӣ дар толори муассиса, бо иштироки доираи васеи хонандагон, омзӯгорон ва маъмурияти муассиса баргузор гардид.

Дар қисми аввали конференсия директори муассиса Иброҳимзода Қ. М. баромад намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти бастакор қайд намуд, ки “Миратулло Атоев яке аз бастакорони шинохтаи кишвар ба шумор меравад, ки эҷодиёташ пурмазмун ва писанди ҳамагон аст. Ӯ оҳангсози сермаҳсул ва асарҳои эҷоднамудааш дар тарбияи шогирдон ва мутахассисони ҷавон саҳми бениҳоят бузург дорад.”

Инчунин, дар конференсия маърӯзаҳои дигар низ аз ҷониби омӯзгорон оид ба фаъолият ва эҷодиёти бастакор пешниҳод гардид.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ, барномаи консертӣ бо иштироки хонандагони муассиса баргузор шуд, ки суруду таронаҳои ҷазобу рангин аз эҷодиёти оҳангсози шинохта Миратулло Атоев пешниҳоди аҳли нишаст гардид.