Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Пешнависи лоиҳаи грантии “Таъмини таҷҳизоти пойгоҳҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон” ба имзо расид

06.05.215 майи соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазир Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор ва директори Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон Нодиров Сайзароб бо роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) Мунео Такасака баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ, инчунин котиби дуюми Сафорати Япония Кейта Ҳорӣ, намояндагони Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония Кавабата Шоҳей, ҳамоҳангсози барномаҳои таълимӣ Парвина Қурбонова ва мушовирон – коршиносон хонум Оҳаро Мисато ва Окамото Акиҳиро иштирок намуданд.

Муовини вазир Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор барои дастгирӣ аз пешнависи лоиҳаи грантии “Таъмини таҷҳизоти пойгоҳҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон” ба роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) Мунео Такасака изҳори сипос намуд. Мавсуф қайд намуд, ки “Лоиҳаи мазкур дар соли 2020 бояд мавриди маблағгузорӣ қарор мегирифт ва бар асари сирояти пандемияи COVID-19 татбиқи он мавқуф гузошта шуд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки коршиносони Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) хонум Оҳаро Мисато ва Окамото Акиҳиро, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, корҳои зиёди асосноккунӣ ва зарурату манфиати лоиҳаро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд. Коршиносон аз бинои Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” боздид ба амал оварда, ҷойҳои ҷойгиршавӣ, имконияти истифодаи таҷҳизот ва дастгоҳҳои воридшаванда, таъминоти мутахассисон ва малакаи кории онҳо, манфиате, ки аз он ба даст меояд ва аҳаммияти лоиҳа ба муассисаро муайян намуда, онро бо иловаҳои нав омода намуданд, ки то моҳи сентябри соли 2021 ба Ҳукумати Япония пешниҳод хоҳанд намуд”.

Қайд гардид, ки дар муҳайё гардидани шароити мусоиди ҳамкориҳои ду кишвар, мавқеъ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Ҳукумати Япония Ёсихидэ Суга хеле бузург аст ва онҳо дар рушду такомули равобити байни кишварҳои Тоҷикистон ва Япония саҳми бузург мегузоранд. Фаъолияти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар кишвари мо тавассути дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Япония амалӣ гардида, тайи солҳои охир як қатор лоиҳаҳои байнидавлатӣ дар назар гирифта шудаанд, ки дар фаъолияти самтҳои гуногуни илм, маориф, фарҳанг, тиб, саноат, роҳсозӣ ва ғайра татбиқ мегарданд.

Роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) Мунео Такасака дар суханронии хеш иброз дошт, ки “Ҳукумати кишвари мо кӯшиш мекунад, то кумаку дастгириҳояшро дар самти фарҳанг низ хуб ба роҳ монад. Тоҷикистон таъриху фарҳанги бою ғанӣ дорад ва мо хушбахт ҳастем, ки дар ин самт каме ҳам бошад, ёрии хешро мерасонем.”

Сипас, пешнависи лоиҳаи грантии “Таъмини таҷҳизоти пойгоҳҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб–Хонаи китоби Тоҷикистон” аз ҷониби роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) Мунео Такасака ва директори Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб–Хонаи китоби Тоҷикистон Нодиров Сайзароб ба имзо расид.

06.05.21.106.05.21.206.05.21.306.05.21.406.05.21.506.05.21.6