Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 08:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории даври дуюми фестивалозмуни ҷумхуриявии телевизионии эҷодиёти халк "Андалеб-2021" дар ноҳияи Ишкошим

06.05.21.9Шоми 5 майи соли равон дар толори Хонаи фарҳанги маркази ноҳияи Ишкошим дастаи ҳаваскорони ҷамоати деҳоти Вранг дар даври дуюми фестивалозмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2021" баромад намуда, барномаи мукаммали ҳунариро дар асоси низомномаи озмун пешкаши ҳайати ҳакамон гардониданд.

Ҳунармандони ҷавон Сайрам Асанхонова, Нилуфар Ниёзмамадова, Алисултон Партовиев, Давлатбек Карамов ва гуруҳи ҳаҷвнигорон таҳти роҳбарии Сафармамадов М. ва гуруҳи раққосон зери роҳбарии устод Раҳматшоев Б. баромад намуда, сазовори баҳои баланди ҳайати ҳакамон гардиданд.

Баромади ҳаваскорони ҷамоати деҳоти ба номи Замиров А. дар даври ноҳиявии фестивалозмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб 2021" дар толори Хонаи фарҳанги маркази ноҳия баргузор гардид.

Дастаи ҳаваскорони ҷамоати деҳоти ба номи Замиров А. дар иҷрои ҳамаи шартҳои озмун иштирок намуда, ҳаваскорони беҳтарини ҷамоат Одинаев А, Ширинбеков А., Озари Мавлоназар, Султонмамадов У., Амирхонов Ф., Насибаи Мавлоназар ва дигарон барои истеьдоди нотакрор сазовори баҳои баланди ҳайати ҳакамон гардиданд.