Рӯзи 7 июни соли ҷорӣ гурӯҳи ҳунармандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёда аз 100 нафар дар ҳайати ҳунармандони халқӣ, мақомсароён, мутрибон, раққосон ба шаҳри Душанбе омаданд. Ҳайати ҳунармандонро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ҳамроҳӣ мекунад.
Меҳмононро дар майдони ҳавоии кишвар Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давалатзода Зулфия Давлат, муовини аввали Вазири фарҳанг Назариён Обид пешвоз гирифтанд.
Дар назар аст, ки гурӯҳи ҳунармандони Ӯзбекистон дар “Шоми дӯстӣ” барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”, 10 июни соли равон бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки рӯзи 10 июн бо сафари расмӣ ба пойтахти ҷумҳурӣ меоянд, иштирок намоянд.
Дар барномаи муштараки консертӣ аз ҷониби Тоҷикистон зиёда аз 150 нафар ҳунармандони шинохтаи кишвар бо иштироки Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Тулқун Тоҷибоев, Нигина Амонқулова, Ситораи Кароматулло, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, ансамблҳои рақсии “Гулрез”, “Ҷаҳоноро”, “Лола”, “Парасту”, “Базморо” ва ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов, аз ҷониби Ӯзбекистон ҳунармандон Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Абдуҳошим Исмоилов, Элмурод Аҳмадов, гурӯҳи мақомсароён, ансамблҳои рақсии “Ӯзбекистон” ва “Тошкент зеболарӣ” иштирок хоҳанд кард.