Сомонаи пешина | Яш, 14 Август 2022 / 17:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Аз 24 то 28 июн Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд

18.06.21.10Таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои дуру наздик яке аз самтҳои асосии сиёсати байналмилалии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин раванд ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия пайваста вусъат меёбанд.

Дар ин доира, бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангии байни кишварҳои Тоҷикистону Россия аз 24 то 28 июни соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Дар ҳайати 54 нафараи аҳли ҳунару фарҳанги Федератсияи Россия, аз ҷумла Театри давлатии академии рақсии «Гжель»-и шаҳри Москва ва намояндагони Осорхона-мамнӯъгоҳи давлатии таърихию меъморӣ ва бадеии вилояти Вологда ва дигарон шомил буда, тайи ин рӯзҳо бо барномаҳои рангини ҳунарӣ ва намоишҳо хотири тамошобинони тоҷикро шод мегардонанд.

Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21 июни соли 2021, соати 10:00 бо намоиши ҳошияи тории “Вологодское кружево” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шурӯъ мегарданд.

Қисмати расмии чорабинӣ рӯзи 25 июни соли 2021 аз мулоқоти роҳбари ҳайати Федератсияи Россия ва роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз гардида, соати 18-00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Мутобиқи барномаи баргузории чорабинӣ сафари ҳунармандони Россия ба шаҳри Норак, барномаи ҳунарӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара, дарсҳои маҳорат бо иштироки намояндагони Академияи санъати театрии Россия (ГИТИС) ва ҳунарпешагони ҷавони театрҳои шаҳри Душанбе, боздид аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, «Боғи Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахт дар назар аст.