Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 04:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар вилояти Хатлон оғоз гардид

Ozmuni-Tochikiston-Vatani-azizi-manДаври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» рӯзи 26 июли соли равон бо иштироки 472 нафар довталаб дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон оғоз гардид, ки то 31 июл идома меёбад.

Озмун тибқи низомнома ҷараён дошта, ҳакамон дар ҳайати Солизода Олимҷон-директори оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси ҳакамон), Умар Зиёев - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, овозхони эстрадӣ, Ҳошимов Раҳматулло - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, овозхони анъанавӣ, Озар-шоир, узви Иттифоқи нависандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Қосимов - композитор, Абдуллозода Аловуддин - сардори раёсати фарҳанги вилоят ба иштироки довталабон баҳогузорӣ менамоянд.

Тибқи тартиби низомнома, корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт вогузор гардидаанд. Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур тамоми тадбирҳоро амалӣ намудааст.

Баъд аз ҷамъбасти даври дуюм ҳуҷҷатҳои ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо санадҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 30 октябри соли равон муқаррар гардидааст.

Ҷараёни баргузории даврҳои озмун тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои телевизиону радио тарғиб карда мешавад.