Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Қадрдонии ҳунармандони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ

atlasҲунармандони тоҷик Аспармо Мавлоназарова ва Дилмурод Шарипов барои иштирок дар намоишгоҳи виртуалӣ ва озмуни “Беҳтарин маҳсулоти ҳунарии дар замони пандемия истеҳсолшуда” аз ҷониби “Шӯрои байналмилалии ҳунармандон” бо Сертификат ва Сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Озмун ҳанӯз 4, 5-уми декабри соли 2020, дар 38-умин Ассамблеяи Генералии ин шӯро ҷамъбаст шуда, ғолибон низ муайян гашта буданд. Ҷоизаро пас аз 6 моҳ, Азизбек Муртазоев намояндаи “Шӯрои байналмиллалии ҳунармандон” дар доираи фестивали “Атлас ва Адрас” ба соҳибонашон тақдим намуд.

Хотиррасон мешавем, ки ҳунармандон бо дастгирии “Рушди эҷодии Тоҷикистон” дар озмун ширкат карда, маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуоти заргарии онҳо дорандаи нишони сифати ЮНЕСКО мебошад.