Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 04:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷавонон - арҷгузори фарҳанги миллӣ

29.07.21.4

Ҷаҳонишавӣ ва глобализатсия раванде мебошад, ки дар рафти он бархурд ва ё муколамаи фарҳангҳо ва маданиятҳо ба вуҷуд меояд. Дар ин радиф ҳифзи фарҳанги миллӣ масъулияти басо бузургро талаб менамояд. Аз ин рӯ идеология ва муносибати ҷавонон ба фарҳанг бениҳоят муҳим аст. Зеро, ки ҷавонон ҷузъи аз ҳама таъсирпазири ҷомеа ва давомдиҳандаи фарҳанги гузаштагон маҳсуб мешаванд. Пас месазад, ки ҷавононро дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намуд, то арҷгузори фарҳанги миллӣ бошанд. Агар мо ба таърих назар афканем, мебинем, ки фарҳангҳои пурқудрат дар тамоми таърихи инсоният мудом бар фарҳангҳои хурду кӯчак бартарӣ дошта, тадриҷан онҳоро ба худ фурӯ мебаранд, ки ин ҳодисаи табиии таърихист. Дар даврае аз таърих кишваре пурқудрат гашта, кишварҳои дигарро зери тасарруфи худ медарорад ва ба ҳамин васила раванди ҷаҳонигароиро тавсеа мебахшад, халқу қавмиятҳо ба ҳам наздик ва фарҳангҳо омехта мешаванд ва аз тарафи дигар, фарҳангҳои хурде, ки миёни халқу қавмиятҳои хурд вуҷуд дорад тадриҷан ба фарҳангҳои бузург дохил шуда, як унсури фарҳанги азим мегарданд. Агар ба таври маҷмӯӣ гирем, дар раванди ҷаҳонишави ҳамаи фарҳангҳои хурду кӯчак ҷузъҳои ҷудонашавандаи фарҳанги умумибашариро ташкил медиҳанд. Аз ҳамин ҷост, ки ҳифзу нигаҳдории ин фарҳангҳо ба унвони дастовардҳои башарӣ бисёр муҳим аст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои таърихии худро омӯзем, муҳтаво ва арзиши фарҳангии онҳоро тарғибу ташвиқ намоем, онҳоро ба мардум ошно созем, то ҳамин унсурҳои фарҳангии ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи мо ба андозае оммавӣ шавад, ки ҷомеаи шаҳрвандии мо онҳоро ҳам истифода кунад, ҳам таблиғ намояд ва ҳам ба унвони арзишҳои фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён пешкаш кунад ва аз ҳама муҳим, онҳоро ҳимоя кунад. Ин масъалаи асосии фарҳангии мо дар раванди ҷаҳонишавӣ аст.

Дар дарозои таърих мардуми тоҷик аз тарафи халқҳои ҳамсояи худ чун халқи тамаддунофару фарҳангӣ шинохта шуда буд ва имрӯз ҳам месазад, ки мо меросбарони ин фарҳангу тамаддуни оламшумул таҷрибаи гузаштагонро аз худ карда, дар амал татбиқ намоем, ки албатта ин кори осон нест. Имрӯз расонаҳои иттилоотии мухталиф бо назардошти манфиатҳои гурӯҳии давлатҳои алоҳида ба ҳар навъ таблиғоту ташвиқот мебаранд. Махсусан, гирифтани пеши роҳи таъсири манфии фарҳангҳои бегона хеле муҳим аст. Пешгирии ҷалби ҷавонони камсавод ба гуруҳҳои мухталифи террористӣ ва бунёдгароёна, аз гирдоби хатарҳои экстримистӣ эмин нигоҳ доштани онҳо вазифаи ҳар як зиёӣ мебошад. Сарвари тоҷикон, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ муҳим будани ин масъаларо чунин зикр кардаанд: Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд. Мо тоҷикон, ҳарчанд давлати ҷавони соҳибистиқлол дорем, вале фарҳанги ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи мо худ оламгир аст. Моро танҳо зарур аст, ки бо огоҳии дуруст, бо пажӯҳишҳои дақиқ ва ба таври шоиста онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Бояд қайд кард, ки имруз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва кормандони соҳаи фарҳанг, бархе аз унсурҳои фарҳангии мо имрӯз ҷаҳонӣ шудааст, ки ҷашни Наврӯз беҳтарин намунаи он аст. Дар раванди бархурди фарҳангҳо, ки дар тули таърих борҳо руй додааст аҷдодони мо тавонистанд фарҳангу маданияти худро ҳифз ва ҳатто таъсиррасон ба дигар фарҳангҳо гардонанд. Чунончи аз қарни XI шурӯъ карда, забони модарии мо забони байналмилалии минтақаи бисёр васеъ аз Осиёи Хурд то Ҳиндустон гардид ва тахминан то асри XIX ин мавқеи худро ҳифз карда, дар ҳавзаи паҳноваре истифода мешуд. Ин ҳолатро ҳам метавон як навъ ҷаҳонигароии ҳамон давра қаламдод кард.

Глобализатсия, ё худ ҷаҳонишавӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст. Дастовардҳои илму техника дар қарни XX халқҳо ҷаҳонро бисёр ба ҳамназдик кард. Аз тарафи дигар, мо дар асри XXI дар истиқболи ҷаҳонишавии нав ҳастем. Имрӯзҳо дастовардҳои илму техника, махсусан дастгоҳҳои иттилоотӣ ба андозае иқтидор доранд, ки дигар марзҳои сиёсӣ монеи барқароршавии муносибатҳои халқу миллатҳо шуда наметавонанд. Имрӯзҳо шоҳид ҳастем, ки хабаре дар як минтақаи ҷаҳон сар занад, фавран оламгир мешавад. Яъне айни замон фазои иттилоотӣ дар ташаккули ҷомеа таъсири амиқ гузошта истодааст. Аз ин хотир таблиғу ташвиқи фарҳанги миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман фазои иттилоотӣ басо муҳим ва саривақтист.

Мо имрӯзҳо метавонем бо истифода аз дастовардҳои илму техника тамоми масъалаҳои умуми башариро омӯзем, таҳқиқ кунем ва сабт карда, барои ояндагон гаҳдорӣ намоем. Бинобар ин, ҷамъоварӣ, гурӯҳбандӣ ва сабти анъанаву суннатҳои маҳаллии манотиқи гуногун аз тарафи пажӯҳишгарон баҳри ба наслҳои оянда мерос мондани онҳо бисёр муҳим мебошад. Ин нуқта дар асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “ Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” (2006) хеле барҷаста ва нозукбинона инъикос ёфтааст. Ҷаноби Олӣ дар ин асар нисбат ба вазъи пажӯҳиши забонҳои помирии Бадахшон менигорад: “Ба назари ман дар натиҷаи таҳаввулоти давраи нави таърихи миллатамон шояд забонҳои помирӣ дар асари марҳалаи сифатан нави равобит ва таъсири мутақобил тағйиру таҳаввули ҷиддии ногузир хоҳанд дид, вале мо бояд кӯшиш кунем, ки ин забонҳо ҳамчун сарвати маънавии халқамон ҳифз шаванд”.

Албатта, дар ин раванд рисолати зиёиён басо назаррас аст, зеро тамоми он осору дастовардҳои фарҳангие, ки имрӯз мо дорем маҳсули заҳмат ва эҷоди фарҳангиён, зиёиён аст. Маҳз зиёиёни мо ҳастанд, ки бо забониноби тоҷикӣ асарҳо менависанд, шоҳ асарҳо меофаранд ва симои фарҳангии миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Ман боварӣ дорам, ки аҳли зиёи кишвар дар ин марҳилаи таърихии мавҷудияти мо тоҷикон низ парчамбардорони воқеии фарҳангу тамаддуни чандҳазор солаамон гашта, онро ба тариқи шоиставу сазовор ва бо обурангу тарҳи муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.

Тиллоев Муҳаммад,
мутахассиси раёсати рушди муассисаҳои
фарҳангӣ –фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон