Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 04:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон дар шаҳри Душанбе

30.07.21.2Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳӯтӣ” рӯзи 29 июли соли равон даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони “Ҳамнишине беҳтар аз китоб махоҳ” бо иштироки ҳайати ҳакамон Сафаров Абдумалик - сармутахассиси раёсати табъу нашр ва матбуот, Раҳимова Азизбегим - сармутахассиси раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Ҷумаев Ҷумъа - муовини директори “Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳӯтӣ” баргузор гардид.

Дар озмун 7 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе ширкат варзида, падару модарон, омӯзгорон ва кормандони китобхона низ, иштирок намуданд.

Хонандагон Гулова Робия аз МТМУ №50-и ноҳияи Сино ва Фахриддинзода Амина аз МТМУ №71-и ноҳияи Шоҳмансур дар озмун ғолиб дониста шуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Барои иштироки фаъолона дар озмун ба хонандагони муассисаҳои таълимии ин ноҳияҳо Давлатзода Руқия, Ғаффорова Бенёмин ва Фариштамоҳи Фахриддин ба гирифтани Ифтихорнома ба Вазорати фарҳанг пешниҳод гардиданд.

30.07.21.330.07.21.430.07.21.5