Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баромади ҳунармандони ноҳияҳои Ҷайҳун ва Рӯдакӣ дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни “Андалеб-2021”

filarmoniyai-davlatyФестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2021” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардида, барномаҳои ҳунарии шуҳру ноҳияҳои мамлакат дар даври ниҳоӣ ва гулчини барномаҳои ҳунарии Фестивал дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад.

Рӯзи 3 августи соли равон кушодашавии даври ниҳоии Фестивал-озмун ва барномаҳои ҳунарии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ доир мегардад.

Мухлисон ва ихлосмандони ҳунарҳои мардумиро барои тамошои барномаҳои ҳунарии ноҳияҳои Ҷайҳун ва Рӯдакӣ ба толори Фелармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даъват менамоем. Оғози чорабинӣ соати 17:00.