Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» фаъолияти хешро тибқи санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии соҳавӣ, фармоишу супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фар-ҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаву Нақшаи кории солонаи муассиса мавриди амал қарор медиҳад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассиса гирдоварӣ, бақайдгирӣ ва ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмӣ мебошад. Дар заминаи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳои ба муассиса воридгардида коркарди библиографӣ ва таҳияи Омори матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Инчунин дар асоси нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо феҳристи библиографияи давлатии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва феҳристи мукаммали дохилӣ таҳия мегарданд. Гирдоварӣ ва бақайдгирии нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷ-ҷатҳо” (№ 792, 26.12. 2011) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷ-ҷатҳо” (№453, 31.08. 2012) амалӣ карда мешавад. Қабули қонуни мазкур дар соли 2011 саривақтӣ буда, қонун дар ин муддат китобхонаҳо ва бойгониҳои ҷум-ҳуриро бо осори тозанашр таъмин намуда, ҳофизаи таърихии миллатро ғанӣ гардонид. Агарчи имрӯз иҷрои қонуни мазкур нигаронкунанда ҳам набошад, аммо дар баъзе ҳолатҳо ҷиҳати воридоти нусхаҳои ҳатмӣ муассисаҳои гирандаи нусхаҳои ҳатмӣ ба мушкилот мувоҷеҳ мегарданд. Албатта, ин мушкилоти танҳо МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” набуда, ба тамоми муассисаҳои гирандаи нусхаҳои ҳатмӣ марбут мебошад. Вале бо сабаби он ки яке аз самтҳои асосии МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” ҳифзу нигоҳдории осори нашрии нусхаҳои ҳатмӣ мебошад, мушкилоти дастрас нагардидани нусхаҳои ҳатмӣ бештар дар ин муассиса эҳсос мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муассиса воридоти нусхаҳои ҳатмӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Масалан, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба муассиса 1052 номгӯй китоб, 2945 шумора рӯзнома, 330 шумора маҷалла ва 358 автореферат ворид гардидааст. Омори воридоти китоб дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли 2020 панҷоҳ фисад зиёд мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки кормандони муассиса барои воридоти нусхаҳои ҳатмӣ пайваста бо муассисаҳои табъу нашр, донишгоҳу донишкадаҳо, академияҳои соҳавӣ ва муаллифон ҳамкорӣ намуда, воридоти нусхаҳои ҳатмиро таъмин менамоянд. Боиси қайд аст, ки барои воридоти нусхаҳои ҳатмӣ ба 20 муассиса мактубҳои расмӣ ирсол карда шуд, ки натиҷаи хуб дод. Ҳамчунин, ба 237 намояндаи рӯзномаву ма-ҷаллаҳо ва нашриёту матбааҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратҳо оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” гузаронида шуд.

Айни замон дар МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” ҳамчун маркази таъсисдиҳандаи рақами стандарти байналмилалии китоб 62 нашриёту матбааҳо ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷониби онҳо нусхаҳои ҳатмӣ сари вақт ворид мегарданд.

Албатта, дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо низ ба чашм мерасанд. Масалан, дар боби 2-юм, моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” зикр мегардад, ки ирсоли нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он тавассути почта бо тахфифи панҷоҳ дарсади тарифи барои ташкилотҳои буҷетӣ муқарраргардида анҷом дода мешавад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тавассути почта танҳо 10 фисади нусхаҳои ҳатмӣ, ки иборат аз як қисми ками рӯзнома, маҷалла ва авторефератҳо мебошанд, ба МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид гардида, 90 фисади дигари нусхаҳои ҳатмӣ аз ҷониби муассиса бо иртиботи телефонӣ, ирсоли мактуб ва ҳангоми сафарҳои хизматии кормандони муассиса гирдоварӣ ва ворид карда мешаванд. Ҳол он ки моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” истеҳсолкунандагонро муваззаф менамояд, ки ба гирандагони ҳуҷҷатҳо се нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳоро дар муҳлати 10 рӯзи пас аз интишори теъдоди нашри аввалин ва нашрияҳоро дар рӯзи интишори ҳар як шумора ирсол намоянд.

Баъзан ноширону масъулони матбааҳо сабаби сари вақт насупоридани нусхаҳои ҳатмиро дар он медонанд, ки муаллифон маблағи интишори нусхаҳои ҳатмиро намесупоранд. Ин дар ҳолест, ки дар моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷ-ҷатҳо” таъкид мешавад, ки истеҳсолкунандагони ҳуҷ-ҷатҳо уҳдадоранд, ки хароҷоти таҳия, нашр ва ирсоли нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳоро ба арзиши аслии ҳуҷҷатҳое, ки ба таркиби нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо дохиланд, илова намоянд. Яъне, дар шартномае, ки пеш аз нашри китоб миёни матбаа ва муаллиф баста мешавад, ҳатман масъалаи нусхаҳои ҳатмӣ ба инобат гирифта шавад.

Бояд тазаккур дод, ки ба назари инҷониб дар баъзе бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо”, “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” тағйиру иловаҳо ба манфиати кор аст. Масалан, ин ҷо мо метавонем аз чанд нукта ёдовар шавем, ки бо тағйиру илова ворид намудан, раванди воридоти нусхаҳои ҳатмӣ беҳтар мегардад. Бинобар ин, се нуктаро барои таҳлилу баррасӣ пешниҳоди ҳуқуқшиносон менамоем:

1. Дар банди 1-и моддаи 6-и Қонуни ҶТ “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” номгӯи “ташкилотҳои полиграфӣ” мушаххас карда шаванд. Зеро дар раванди супоридани нусхаҳои ҳатмӣ баъзе муассисаҳои нашриявӣ худро ташкилоти полиграфӣ намеҳисобанд.

2. Дар банди 2-юми моддаи 7-и Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ” илова карда шавад, ки дар баробари нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ ҳамзамон нусхаҳои электронии онҳоро ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, саривақт ва ройгон дастрас намояд, зеро ба назари мо замони муосир воридоти нусхаҳои ҳатмии электронии ҳуҷҷатҳоро тақозо менамояд.

3. Зерхати “ҳамаи намунаҳои китобҳои дарсӣ” аз замимаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” бардошта шавад. Зеро ин банди қарор воридоти китобҳои дарсиро истисно мекунад. Ин дар ҳолест, ки китобҳои дарсӣ як давраи барномаи таълимии макотиб ва донишгоҳҳои ҷумҳуриро дар бар гирифта, дар оянда барои таҳқиқи вазъи ҳамонрӯзаи таълиму тарбия заруранд.

Имрӯз кормандони соҳаи матбуот, бахусус сармуҳаррирони нашрияҳо ва роҳбарони нашриёту матбааҳоро зарур аст, ки бо ҳисси баланди худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллату давлати хеш фаъолият намоянд. Ин гуна фаъолият дар он ҳувайдо мегардад, ки ҳамеша ва бо масъулияти баланд нусхаҳои ҳатмии китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳоро ба Хонаи китоби Тоҷикистон супоранд ва ҳамеша дар робитаву ҳамкории пайваста бошанд ва ин робитаву ҳамкориҳо ба пешравии кори муассиса, аз ҷумла ғанӣ гардидани фонди муассиса ва фаъолияти босамари бойгонии матбуоти даврии он мусоидат хоҳад кард. Бояд зикр намуд, ки феълан нашрияҳои марказие, ки дар шаҳри Душанбе нашр ва паҳн карда мешаванд, нусхаҳои ҳатмии худро дастраси Хонаи китоби Тоҷикистон мегардонанд, вале воридоти нашрияҳои ноҳиявӣ бошад, ҳануз ҳам қонеъкунанда нест. Кормандони муассиса кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда матбуоти музофотӣ бо шумораи бештар вориди Хонаи китоби Тоҷикистон гардонида шавад, зеро бо гузашти солҳо зарурат пеш меояд, ки вазъи иҷтимоию фарҳангии манотиқи гуногуни кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди пажӯҳиш қарор дода шавад. Дар натиҷаи ворид гардидани матбуоти маҳаллӣ, ки бе шак вазъи фарҳангию адабӣ ва ҳаёти рӯзмарраи сокинон дар он инъикос мегардад, мо барои пажӯҳишгарони оянда иттилооти дақиқ ба мерос мегузорем.

Дар маҷмӯъ ҷамъоварӣ ва ҳифзи нусхаҳои ҳатмӣ як амали хайре барои насли оянда буда, маҳз осори нашрӣ метавонад, ки вазъияти ҳамонвақтаи забон, фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва лаҳзаҳои торики гузаштаи таърихро равшан созад. Барои нигоҳдошт ва ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ нақши Хонаи китоби Тоҷикистон басо муҳим ва калидӣ дониста мешаванд. Зеро имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари баъзе аз идораҳои расмӣ ягона ниҳоде, ки осори чопии дохилиро дастрас ва ҳифз менамояд, ин Хонаи китоби Тоҷикистон мебошад.

Сайзароб НОДИРОВ,
директори МД “Хонаи китоби Тоҷикистон”

 Бознашр аз рӯзномаи "Баҳори Аҷам"