Сомонаи пешина | Яш, 29 Мая 2022 / 17:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конгресси 6-уми байналмилалии мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ ба кори худ шуруъ кард

01.12.21 1Рӯзи 1 декабри соли равон Конгресси 6-уми байналмилалии мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ ба кори худ шуруъ кард, ки намояндагону мутахассисони соҳа ба таври маҷозӣ дар  кори он иштирок менамоянд.

Мавзуи асосии Конгресси мазкур ворид гардидани лоиҳаҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим буда, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии Гузаргоҳи “Зарафшон-Қароқум”, “Фарғона-Сирдарё” ва “Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим” мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Конгресс сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев Шералӣ иштирок мекунад.

Хотиррасон мешавем, ки Конгресси 6-уми байналмилалии мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ пагоҳ, 2 декабр низ ба кори худ идома медиҳад.

01.12.21 2