Сомонаи пешина | Яш, 29 Мая 2022 / 16:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки коршиносони Тоҷикистон дар семинари таҳлилӣ оид ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии Силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим дар шаҳри Алма-атои Қазоқистон

2.12.21.1Рӯзи 1 декабри соли равон ҳайати коршиносони Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар семинари таҳлилӣ оид ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии Силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, долони "Фарғона-Сирдарё" ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

Ба ҳайати коршиносони тоҷик ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО, мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг Абдусаломов Мирзошариф, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессорони риштаи таърих ва археология Набиҷон Раҳимов ва Абдурауф Раззоқов шомил мебошанд.

Мувофиқи нақшаи барнома дар семинари мазкур аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва кишвари мизбон Қазоқистон коршиносону мутахассисон иштирок намуда, вобаста ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишварҳои худ дар долони "Фарғона-Сирдарё" ва дигар ёдгориҳо маърӯза ва муҳокимаронӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, дар ин долон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд", "Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин" -и шаҳри Хуҷанд, "Бунҷикат" -и ноҳияи Шаҳристон, "Ширин ва дахмаҳои Куркат" -и ноҳияи Спитамен, "Мақбараи Ҳазрати Шоҳ" -и шаҳри Исфара ва "Масҷид-Мадрасаи Абдулатиф Султон" -и шаҳри Истаравшан шомил мебошанд.

Ёдгориҳои таърихии зикргардида аҳамияти байналхалқӣ дошта, аз соли 2017 инҷониб дар рӯйхати пешакии Мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид мебошанд. Талошҳои минбаъдаи Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани ин ёдгориҳо ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО мебошад.