Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 01:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯриҳои эҷодии ромишгарони рус ва тоҷик

06.04.2022.2Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳои шаҳри Москва, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 150-солагии Сергей Рахманинов ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 4 то 6 майи соли равон дар шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳ таҳти унвони «Вохӯриҳои эҷодии ромишгарони рус ва тоҷик» баргузор гардиданд, ки дар доираи баргузории ин вохӯриҳо дарсҳои маҳорат, лексияҳо, консертҳо, барномаи консертӣ ва мизи мудаввар доир шуд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баромади доктори илмҳои санъатшиносӣ, доктори илмҳои психологӣ, ноиби ректори Академияи мусиқии Россия оид ба робита бо ҷомеа, профессор Кирнарская Дина Константиновна дар мавзуи «Чӣ гуна истеъдодҳои мусиқиро ҷустуҷӯ ва пайдо кунем ва бо бақия чӣ бояд кард?» баргузор шуд. Ироаи маърӯзаҳо дар синфхонаи санъатшиносии кафедраи «Санъатшиносӣ ва назарияи мусиқӣ»-и факултаи мусиқӣ-омӯзгории донишкада баргузор гардид.

Дар ҷараёни баргузории маҳфил намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои раёсати донишкада, ҳайати профессорону омӯзгорон, инчунин ҳайати профессорону омӯзгорони дигар макотиби олию касбии соҳавӣ иштирок намуданд. Маърӯзаи профессор Кирнарская Дина Константиновна ба ғайр аз макотиби олии кишвари Россия, инчунин дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ ироа шуда, аз ҷониби олимону омӯзгорони соҳа баҳои баландро соҳиб гардидааст. Ба шунавандагон дар ин курс, ки беш аз якуним соат идома ёфт, роҳу усулҳои муосири ҳарчи бештар ҷалб намудани тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соҳаи санъати мусиқӣ хондаву намоиш дода шуд. Намунаи тестҳое, ки дар ин дарс ба шунавандагон пешниҳод шуданд, барои ҷалби соҳибистеъдодҳо ба соҳаи санъати мусиқӣ таҳия гардида, ҳоло дар чанд кишварҳои хориҷӣ низ истифода бурда мешаванд.

Пас аз ироаи маърӯза профессор ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дод.

Рӯзи 5 май маҳфили мазкур идома ёфта, бо иштироки ректорони ду боргоҳи олии санъату фарҳанг: профессорон Рыжинский Александр Сергеевия ва Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, миёни роҳбарияти АМР ба номи Гнесинҳо ва МДТ “ДДФСТ ба номи М.Турсунзода” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки паҳлӯҳои гуногуни фаъолиятро дар бар мегирад.

Сипас, аз соати 16.00 то 17.00 машқи барномаи консертӣ гузаронида шуд. Дар ин соат ромишгарону сарояндагон аз АМР ба номи Гнесинҳо, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва хори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ барои дар назди ҳозирин баромад намудан омодагӣ гирифтанд.

Худи бегоҳи ҳамон рӯз, қисмати фарҳангии чорабинӣ дар толори “Арғунун”-и донишкада идома ёфт, ки онро Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ва ректори АМР ба номи Гнесинҳо, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Рыжинский Александр Сергеевия бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшиданд. Сухангӯён бо хушнудии зиёд баргузории чунин вохӯриҳои пурмаҳсулро манфиатбахш арзёбӣ намуданд.

Сипас консерти бошукӯҳ баргузор гардид, ки онро ҳайати профессорону омӯзгорони ҳар ду боргоҳи илму маърифат омода намуда буданд. Асоси барномаи консертии ромишгарону овозхонони АМР ба номи Гнесинҳоро асарҳои мусиқии композитори намоёни рус Сергей Рахманинов ташкил дод, ки хеле ҷолиби диданӣ ба назр мерасид.

Дар оғози маҳфил аз эҷодиёти композитор Сергей Рахманинов ду асари хорӣ шунавонида шуд, ки онро хори академии Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иҷро намуд. Ин асарҳо таҳти дирижёрии ректори АМР ба номи Гнесинҳо, профессор Рыжинский Александр Сергеевия дар сатҳи баланди академӣ иҷро шуданд. Шунавандагон романсҳои иҷронамудаи профессори ҳамин боргоҳи фарҳангу маърифат Стародубровская Екатерина Валеревнаро, ки дар сатҳи олии касбӣ таҳти навои фортепиано суруда шуданд, бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.

Дар иҷрои Артисти хизматнишондодаи Федератсияи Россия, профессори АМР ба номи Гнесинҳо Богданов Юрий Александрович асарҳо аз осори композиторони рус ва хориҷи кишвар шунавонида шуданд, ки низ дар сатҳи хеле баланд садо доданд.

Дар охири чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо чанд суруду таронаҳои дилнишини миллии тоҷикӣ хотири меҳмонони олиқадр ва ҳозиринро шоду болида гардониданд.

06.04.2022.106.04.2022.3