Тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари миллӣ аз 11 то 14 майи соли 2022 Фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид менамояд”, бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Маросими ифтитоҳи Фестивал рӯзи 11 майи соли 2022, соати 18.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардида, барномаи ҳунарии кишварҳои иштирокчӣ рӯзҳои 12 май дар шаҳри Норак ва 13 май дар шаҳри Ҳисор идома меёбад.
Ба Фестивали байналмилаии “Рақс моро муттаҳид менамояд” марҳабо!