Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 03:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанг баргузор шуд

10.05.22.1 2Рӯзи 5 майи соли равон консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов», бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар консерти ҳисоботӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфзода Ҳамзаалӣ, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода, устодону дониҷӯёни муассиасаи таълимӣ иштирок намуданд. Донишҷӯёни таълимгоҳ дар барномаи консертӣ маҳорату ҳунари тӯли як сол аз устодон омӯхтаашонро манзури тамошобинон гардониданд.

Барномаҳои хори умумӣ- «Ҷашни Истиқлол», навозиши умумӣ- «Субҳи Ватан», навозиш бо сози ғиҷҷак- «Рақси кулобӣ», навозиш бо сози қонун- «Навои Бухоро», навозиш бо дутор- «Гулдастаи дил», навозиш бо сози най- «Рақси ҷавонӣ», саҳнаи тарбиявӣ - «Модар», «Весёлая кадрил» оҳанги В.Темнов, навозиш дар сози фортепиано- «Токатино», сурудҳои «Меҳри Ватан», «Лола баромад» ва сюитаи рақсӣ бо маҳорати баланд ва дар сатҳи баланди эҷодӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Дар фарҷоми маҳфил Шарифзода Манучеҳр Муртазо суханронӣ намуда, барои дар сатҳи баланди омодагӣ гузаронидани консерти ҳисоботӣ ба маъмурият ва устодону донишҷӯёни таълимгоҳ арзи сипос намуд.

Ҳамзамон, ба як қатор устодону донишҷӯёни фаъоли муассиса аз номи маъмурияти таълимгоҳ Сипоснома ва ба даҳ нафар донишҷӯён, ки ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд, дар фазои тантанавӣ билети ҳизбӣ тақдим гардид.

10.05.22.1 310.05.22.1 410.05.22.1 1