Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва мониторинги барномаҳои соҳавӣ барои мутахассисони соҳаи фарҳанги ВМКБ

10.05.22.4 5Аз 27 апрел то 3 майи соли равон вобаста ба амалисозии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон семинарҳои омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи фарҳанг ва мониторинги барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикстон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримодии фарҳанги халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025” баргузор шуданд.

Дар ҷараёни баргузории семинар ва мониторинг аз Вазорати фарҳанг сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Орифӣ Озар Баҳромзода ва сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста Олимшоев Акмал иштирок намуда, иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии барномаҳоро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.

Инчунин вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, ҳуҷҷатнигорию коргузорӣ, таъминот бо кадрҳои соҳибтахассус, пешниҳоди дурусти ҳисоботҳои хаттию оморӣ, ҷараёни омодагиҳо ба баргузории чорабиниҳо, озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Чароғи ҳидоят”, “Гулзори маърифат” ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ба кормандони муассисаҳои фарҳангӣ супоришу тавсияҳои амалию методӣ барои беҳтар гардидани фаъолияти корӣ низ пешниҳод гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки семинарҳои омӯзишӣ ва мониторинги барномаҳои соҳавӣ дар дигар минтақаҳои кишвар низ баргузор мешаванд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

10.05.22.4 610.05.22.4 310.05.22.4 210.05.22.4 110.05.22.4 4