Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ташрифи намояндагони Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳои шаҳри Москва ба Вазорати фарҳанг

10.05.22.5 2Рӯзи 6 майи соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо ва роҳбарони муассисаҳои таълимии тобеи вазорат бо ректори Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳои шаҳри Москва, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Рыжинский Александр Сергеевия, муовини ректор, профессор Кирнарская Дина Константиновна, профессор Стародубровская Екатерина Валеревна ва Артисти хизматнишондодаи Россия, профессор Богданов Юрий Александрович, ки бо сафари кӯтоҳмуддат дар кишвари мо қарор доштанд, баргузор шуд.

Нахуст Шарифзода Манучеҳр Муртазо меҳмонон, намояндагони Академияи мусиқии Россия ба Гнесинҳоро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ташрифашонро ба Вазарати фарҳанг хайрамақдам гуфт.

Номбурда, аз муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ёдовар шуда, дар идомаи суханронии хеш иброз дошт, ки “Бахшида ба 150-солагии Сергей Рахманинов ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 4 то 6 майи соли равон дар шаҳри Душанбе як қатор чорабинии бошукӯҳ таҳти унвони «Вохӯриҳои эҷодии ромишгарони рус ва тоҷик» баргузор гардиданд, ки дар доираи баргузории ин вохӯриҳо дарсҳои маҳорат, лексияҳо, барномаи консертӣ ва мизи мудаввар дар муассисаҳои таълимии вазорат доир шуданд. Инчунин, созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳо бо Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба имзо расиданд, ки паҳлӯҳои гуногуни фаъолиятро дар бар мегиранд”.

Профессор Рыжинский Александр Сергеевия бо арзи сипосу миннатдорӣ аз пазироии гарму самимӣ иброз дошт, ки “Бо дастгириҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мо тавонистем, дар ин сафари кӯтоҳмудат аз якчанд муассисаҳои таълими мусиқӣ дидан намуда, созишномаҳо, дарсҳои маҳорат, консертҳо, мизи мудавварро доир намоем. Дар вохӯриҳо мо мушоҳида кардем, ки устодону донишҷӯёни ин муассисаҳо хеле фаъол ҳастанд. Ман пешниҳод доштам, ки барои мутахассиси хуби соҳаи мусиқӣ гардидани шогирдони ин муассисаҳо бояд квотаҳоро дар ин самт бештар омода созем, то тавонанд аз дарсҳои мутахассисони варзидаи рус истифода баранд. Ҳамзамон мутахассисони рус тавонанд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намоянд ва ба дониҷӯёни ташнаи илму санъати мусиқӣ дарсҳои маҳорати хешро доир намоянд”.

Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, профессор Достизода Миралӣ ташрифи меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар идомаи суханронии хеш иброз лошт, ки “Тӯли ду рӯз аст, ки дар Консерваторияи миллӣ дарси маҳорати профессорони Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳо, консерти бошукӯҳ баргузор шуд, ки ба омӯзгорону донишҷӯёни муассиса хеле писанд омад. Баргузор намудани чунин дарсҳои маҳорат ба шогирдони мо имрӯзҳо саривақтию заруриянд.

Сипас, меҳмонон Кирнарская Дина Константиновна, Стародубровская Екатерина Валеревна ва Богданов Юрий Александрович зимни суханрониҳои хеш аз меҳмоннавозиҳои миллати тоҷик, бо забони русӣ хуб ҳарф задани мардуми тоҷик, эҳтиром гузоштан ба фарҳангу маданияти халқи рус, пешравиҳою навгониҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози андеша намуда, хоҳони боз ҳам бештар гардидани муносибатҳои фарҳангии миёни ду кишвар гардиданд.

Директори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Сайфиддинзода Камолиддин, профессорон Фирӯз Улмасов, Мунира Шаҳидӣ ва дигарон дар суханрониҳои хеш аз муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар, ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ, баргузории консертҳо, дарсҳои маҳорат ибрози ақида намуда намуданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

10.05.22.5 410.05.22.5 610.05.22.5 710.05.22.5 310.05.22.5 110.05.22.5 810.05.22.5 910.05.22.5 1010.05.22.5 5