Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 01:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ба 36 нафар тарбиятирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1- и ноҳияи Лахш тӯҳфаҳо тақдим гардид

10.05.22.7Рӯзи 6 майи соли равон ба муносибати Иди Саиди Фитр ва Рӯзи Ғалаба аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 36 нафар хонандагони аз синфи 1 то 11-и Мактаб-интернати назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1- и ноҳияи Лахш туҳфаҳои хотиравӣ - либосҳои варзишию мавсимӣ бо маблағи 4 700 сомонӣ тақдим гардид.

Дар маросими тақдими тӯҳфаҳо Раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб ва сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Орифӣ Озар Баҳромзода ширкат намуда, вобаста ба дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, махсусан, ғамхорию парасториҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ниёзманди ҷомеа ва шароиту имкониятҳои ҷойдоштаи таълиму тарбия ибрози назар карданд.

Ҳамзамон, масъулин бо вазъи таълиму истиқомати хонандагони Мактаб-интернат шиносоӣ пайдо намуда, барои пешрафти фаъолият ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассиса тавсияву таклифҳо ироа намуданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг