Рӯзи 10 майи соли равон дар толори калони Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов" бахшида ба муносибати 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар консерти шогирдони муассиса Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Достизода Миралӣ, Раиси иттифоқи композиторони Тоҷикистон Мусозода Амирбек, Раиси Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Гулаҳмадзода Зулфиқор, роҳбарони муассисаҳои таълимии Вазорат ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи бахши мусиқӣ ва муайян намудани маҳорати касбии шогирдон баргузор шуда, барномаи консертӣ аз 16 асарҳои гуногуни композиторони ватанию ҷаҳонӣ пешкаши аҳли нишаст гардид.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг