Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид менамояд” оғоз гардид

12.05.22.1 4

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 майи соли равон, бо мақсади таҳкиму густариш бахшидани робитаҳои судманди фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари миллӣ маросими кушодашавии Фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид менамояд”, бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид.

Дар Фестивал Муавини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, коршиносони соҳа, аҳли фарҳанги кишвар ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Фестивалро Назариён Обид Одилзода ифтитоҳ бахшида, ҳузури меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро ба Фестивал хайрамақдам гуфт.

Муовини аввали вазир пешравиҳо ва рушду нумуи санъати рақсро дар ҷумҳурӣ ба даврони соҳибистиқлолии кишвар марбут дониста, дар идомаи суханронии хеш иброз дошт, ки “Имрӯзҳо санъати зебои рақс дар ҷумҳурӣ рушду такомул ёфта, чандин дастаҳои рақсӣ ба фаъолияти эҷодӣ машғуланд, ки ин аз файзу баракати даврони соҳибистиқлолии кишвар дарак медиҳад. Баргузории Фестивали байналмилаии ”Рақс моро муттаҳид менамояд” бо мақсади густариш бахшидани робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ баргузор гардида, барои рушду нумуи ин санъат равона гардидааст. Дар ин Фестивал дастаҳои рақсӣ аз кишварҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат менамоянд. Барои иштирокчиён ва меҳмонони Фестивал барору комёбиҳо таманно дорам”.

Сипас, гулчини дастагули рақсҳои иштирокчиёни Фестивал оғоз гардид. Дар барномаи ҳунарии гурӯҳҳои рақсии “Таманно”-и шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳаракатҳои мавзуну дилфиреб, ки ифодагарии фарҳангу ҳунару санъати миллати хеш мебошанд, манзури тамошобинони тоҷик гардид.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои рақсии “Зебо”, “Ҷаҳоноро”, “Гулрез”, “Лола”, “Парасту”, “Чаман”, “Базморо”, “Гулноз”-и шаҳри Хуҷанд, “Фалак”-и шаҳри Кулоб, рақси якка дар иҷрои ҳунарманди бомаҳорат Хайри Ватанова ва дигар дастаҳои рақсӣ пешниҳод гардид.

Гурӯҳҳои рақсӣ бо ҷаззобияту мавзунӣ, бо маҳорату истеъдоди касбӣ дар саҳна баромад намуда, хотири меҳмонону иштирокчиёни Фестивалро шод гардониданд. Ёдовар мешавем, ки баромади иштирокчиёни Фестивали ”Рақс моро муттаҳид менамояд” идома дошта, рӯзи 12 май дар шаҳри Норак ва рӯзи 13 май дар шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

12.05.22.1 312.05.22.1 112.05.22.1 1512.05.22.1 5

 

 

 

 

 

  

12.05.22.1 1612.05.22.1 612.05.22.1 212.05.22.1 712.05.22.1 912.05.22.1 1012.05.22.1 1112.05.22.1 8
12.05.22.1 1312.05.22.1 1212.05.22.1 14