Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 01:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Марям Исоева: 50-соли фаъолияти эҷодӣ-омӯзгорӣ

12.05.22.3 1Рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодӣ-омӯзгории Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи орденҳои Дӯстии халқҳо ва Шараф, медали Ситораи тиллои “Сулҳ - Россия” ва чандин диплому ифтихорномаҳо - Марям Исоева маҳфили эҷодӣ баргузор гардид.

Маҳфили эҷодиро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки “Марям Исоева аз зумраи чеҳраҳои маъруфи театр ва синамои тоҷик ба ҳисоб рафта, дар давоми 50-соли фаъолияти эҷодӣ-омӯзгориаш садҳо ҳунарманди соҳаи фарҳангу санъатро тарбия ва ба камол расондааст. Устод дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскав буда, пас аз хатми ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд ва аз соли 1961 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намуда, тадриҷан тамоми зинаҳои касбиро тай кардааст”.

Маҳорату истеъдоди ин бонуи ҳунар, зане, ки аз таҷрибаи ҳаёт ва зиндагиву рӯзгори мардуми худ баҳра бардоштааст, дар тарбия ва баланд бардоштани маънавиёти миллати тоҷик беандоза бузург аст. Нақшҳои дар саҳнаи театри тоҷик бозидаи Марям Исоева, аз ҷумла Бахмал (“Суруди кӯҳсор”-и Ғанӣ Абдулло), Манзура (“Гавҳари шабчароғ” - и Сотим Улуғзода), Таҳмина (“Рустам ва Суҳроб”-и Абулқосим Фирдавсӣ), Малика, Фигирендо (“Эзоп”-и Фигейредо), Арина («Камбағалӣ айб нест»-и А.Н. Островский), Смералдино («Шоҳгавазн»-и К. Готси), Эмилия («Отелло»-и У. Шекспир), Мавҷуда («Иродаи зан»-и А. Сидқӣ), Гертруда («Модарандар»-и О. Балзак), Силвия («Ду веронагӣ»-и У. Шекспир), Нозӣ («Ҷанги тан ба тан»-и М. Байҷиев) ва ғайраҳо нотакрору фаромӯшнашавандаанд.

Зикр гардид, ки яке аз чеҳраҳои тобони санъати касбии миллии тоҷик Марям Исоева тайи фаъолияти эҷодӣ дар саҳнаи театр ва кино беш аз 150 нақш офаридааст.

12.05.22.3 312.05.22.3 4

12.05.22.3 5






 



Фаъолияти сермаҳсули ҳирфаӣ ва меҳр ба касби омӯзгорӣ Марям Исоеваро ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода овард ва ӯ дар вазифаи омӯзгори кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна фаъолияти беш аз 50-солаи пурсамар намуда истодааст. Дар ин муддат садҳо шогирдонро тарбия намуда, ба ҷодаи фарҳангу ҳунар раҳнамун сохтааст, ки аксарашон ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон ва дорандагони дигар унвонҳои ифтихорӣ мебошанд.

Пас аз ироаи сухани табрикии ректори донишкада филми мустанади “Марям - достон” намоиш дода шуд, ки аз ҳаёт ва рӯзгори Марям Исоева қисса мекард.

Дар доираи маҳфили эҷодӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардид, ки ҷолибу хотирмон буд.

12.05.22.3 612.05.22.3 212.05.22.3 7