Сомонаи пешина | Чш, 06 Июл 2022 / 06:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи оила дар ноҳияи Варзоб

16.05.22Рӯзи 13 майи соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои барномаҳои соҳавии бахши фарҳанги ноҳияи Варзоб дар ҷамоати деҳоти Чорбоғ "Рӯзи байналмилалии оила" бо шукӯҳу шаҳомати хоса, дар фазои софу беғубори кишвари азиз баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аҳли фарҳангу ҳунар, сокинон, ҷавонону оилаҳои намунавии ноҳия ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ як қатор оилаҳои беҳтарину намунавии ноҳия бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи ҳунарӣ аз ҷониби ҳунармандони ноҳия иборат аз суруду оҳангҳои дилангезу диданӣ манзури иштирокчиёни маҳфил гардид.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг