Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ барои хизматҳои шоиста дар таҳкими фарҳангу санъати тоҷик, бахшида ба 100- солагии Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон, профессор, драматург Меҳрубон Назаров рӯзи 17 майи соли 2022, соати 9:00 дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Конференсияи илмӣ-амалиро таҳти унвони “Саҳми Меҳрубон Назаров дар рушди фарҳангу санъати тоҷик” баргузор менамояд.
Аз васоити ахбори омма эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, то барои инъикос ва банаворгирии Конференсияи мазкур мусоидат намоянд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг